Баргузории  озмуни «Илм – фуруғи маърифат» дар факултетҳои донишгоҳ

Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040)  дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ баҳри рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷўёну кормандон ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ аз рўи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт дар факултетҳои инноватсия ва телекоммуникатсияву бизнес ва идоракунии донишгоҳ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фуруғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои технологияи иттилоотӣ, физика ва астрономия, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, математика ва география ташкил ва баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур намояндагони раёсати донишгоҳ, садорати факултетҳои инноватсия ва телекоммуникатсияву бизнес ва идоракунӣ ва мудирони кафедраву аъзоёни ҳакамон иштирок намуданд.

Барои иштироккунандагони озмун варақаҳои инфиродӣ барои санҷиши сатҳи дониши назариявӣ ва ҳам амалӣ аз тарафи деканони факултет тасдиқшуда тибқи низомномаи  озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фуруғи маърифат»  омода карда шуданд.

Аз рӯи натиҷаи санҷиш ва баҳогузории аъзои ҳакамон донишҷуёни фаъол ба даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фуруғи маърифат» роҳхат гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like