Ғурури миллӣ ва ватандӯстӣ дар “Чеҳраҳои мондагор”
07.04.2021 дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Шахсияти Исмоили Сомонӣ дар асари “Чеҳраҳои мондагор”–и Эмомалӣ Раҳмон” бахшида ба 30– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи раёсати донишгоҳ, мутахассиси раёсати корҳои илмӣ –таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ Рухсора Низомаддинова, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Шӯҳрат Саидзода, директори китобхонаи илмӣ Дилрабо Салимова, иҷрокунандаи вазифаи директори китобхонаи илмӣ дар ҳафтаи худидоракунӣ, донишҷӯи бахши 3 –юми факултети ҳуқуқшиносӣ Холиқова Шабнам ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ иштирок доштанд.
Директори китобхонаи илмӣ чорабиниро ифтитоҳ бахшида иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик буда, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон мебошад.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи директори китобхонаи илмӣ дар ҳафтаи худидоракунӣ, донишҷӯи бахши 3 –юми факултети ҳуқуқшиносӣ Шабнам Холиқова сухан карда иброз дошт бо эътимод метавон изҳор намуд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бузургтарин дастовард мебошад ва мо бояд ба қадри ин ҳама нозу неъматҳои Истиқлолияти кишварамон бирасем ва содиқона ҳифз намоем.
Дар идома намояндаи раёсати донишгоҳ мутахассиси раёсати илмӣ –таҳқиқотӣ Низомаддинова Р. иброз кард, ки воқеан Истиқлолият як неъмати бузурги халқи тоҷик буда, дар тӯли 30 соли истиқлолии кишвар давлати азизамон гулгул шукуфта, рӯ ба тараққиёти беназир овардааст. Сипас маърӯзаи номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Шӯҳрат Саидзода дар мавзӯи “Ғурури миллӣ ва ватандӯстӣ – сифати ҷавонмардист” шунида шуд. Қайд гардид, ки бузургон сохтанд, мо ҷавонмардон ҳифз намоем, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти мо ҷавонон мебошад. Қобили зикр аст, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бисёр муваффақ буда, дар давраи оромиву осоиштагӣ ва дар шароити хубу замонавӣ таълим мегиранд, илм меомӯзанд ва ба камол мерасанд. Ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ вазифа ва қарзи ҷавонон мебошад. Дар идома, донишҷӯи бахши 1–уми факултети сиёсатшиносӣ Зулайхо Бӯриева дар мавзӯи “Исмоили Сомонӣ –абармарди хирад ва сиёсат” маърӯза кард. Пас аз баромад дар бораи мардонагию корнамоиҳои шоҳ Исмоили Сомонӣ бо донишҷӯёни фаъол саволу ҷавоб сурат гирифт ва иштирокчиён ба худ маълумотҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи таҳҳлил ва робита бо ҷомеа