Аз таҳқиқоти илмӣ то таҳияи қонун
Донишҷӯи курси 4-юми шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар таҳти мавзўи “Зарурияти қабули қонуни алоҳида дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор” рисолаи хатм ба итмом мерасонад.
Зимни пажўҳиш дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, хусусан кӯдакони ятим ва бепарастор, таъминоти моддию иҷтимоӣ, имтиёзҳои давлатии ин қишри ҷомеа якчанд мақолаҳои илмӣ ба нашр расондааст.
Донишҷў дар раванди таҳқиқоти мавзўи мазкур ба сарчашмаҳои илмӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллию байналмилалӣ, қонунгузории алоҳида ва лоиҳаи қонунҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Белорусия, Украина, Ўзбекистон ва Федератсияи Русия такя менамояд. Дар раванди фаъолияти илмӣ ба хулосае меояд, ки гарчанд аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар дар ҳифзи ҳуқуқ ва кӯмаки давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, бо вуҷуди рушди соҳаи қонунгузорӣ, то имрӯз дар кишвар қонуни алоҳида оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии кӯдакони ятим ва бепарасторон қабул карда нашудааст.
Бинобар ин, донишҷў тасмим гирифтааст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор”-ро таҳия намояд. Донишҷў бо гирифтани фикру андешаҳои беш аз панҷсад шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус, кудакони ятиму бепарастор ва оила онҳо, комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки вилояти Суғд, шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и вилоят, Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омўзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумита ва идораҳои давлатӣ лоиҳаи қонуни мазкурро таҳия намуд.
Донишҷў Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор” –ро, ки 6 бобу 38 модда фаро мегирад, ба Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.
Итминон меравад, ки дар ҳолати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, он барои беҳтар намудани вазъи ҳуқуқӣ ва дастгирии давлатии ҳазорҳо кӯдакони ятиму бепарастори кишвари азизамон мусоидат менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа