Кабирӣ ба мисоли ҳунарманди беҳунар
Соли 1997 баъди талошҳои зиёд “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”, ки бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, дар саросари кишварамон сулҳу ваҳдатро пойдор намуд, оташи ҷанги бародаркушро хомўш кард, дар ҷомеа фазои оромӣ сиёсию иҷтимоӣ, шароити муътадили иқтисодӣ, маънавию ахлоқиро барпо намуд.
Ин дастоварди нодири мардумро нодида гирифта, Муҳиддин Кабирӣ то ҳол худро аз тарс Исломиддин Садиров, нафақахӯр ва ветерани меҳнат ном гирифта бо ҳакммаслакону, ашхоси ҷинояткор маводҳои иғвоангезандаи худро чоп менамоянд, аз таърифи худ пояи ҳақро метарошанд. Онҳо мехоҳанд диққати мардумро ҷалб намуда, худро “ба мушу мусичаҳои бегуноҳ” монанд мекунанд, барои расидан ба мақсадҳои ғаразнок, ҳар нақше, ки “хўҷаинашон” мефармоянд, иҷро мекунанд ва ниҳояти кор мехоҳанд мардумро ба парокандагӣ даъват кунанд. Дар хурўҷи «беморӣ» иғвоангез, бо тарғиботи ақидаҳои низоъпарастӣ мехоҳанд як зумраи ашхосро “озодандешони тоҷик” номида, нигоҳи мардумро тағйир диҳанд.
Акнун, қувваҳои солими ҷомеа, ки бо алам онҳоро Муҳиддин Кабирӣ “фабрикаи ҷавобҳо” номидааст, ҳушёриро дигар аз даст намедиҳанд. Мардум дарк мекунад, ки гуруҳи муайян, ҳадаф доранд, ки якпорчагии Тоҷикистонро аз хориҷи кишвар, бо дасти ҳамин ашхоси хоин таҳти хатар монанд, “хатари аз даст додани заминҳои Тоҷикистонро пеши кишварҳои ҳамсоя” ба воқеият табдил диҳанд.
30 сол қабл аз ин, ба шарофати сулҳ ва ваҳдати миллӣ Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии мардуми кашвар мақомот ва сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро аз марказ то маҳалҳо барқарор намуда буд, гурезагонро ба Ватан баргардонд, ба онҳо шароити зисту зиндагӣ фароҳам овард. Акнун тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар симои нав гирифтааст, сатҳи фаҳмиши зуҳуроти воқеӣ васеъ ва баланд шудааст.
Сулҳу оромӣ ба рушди бомароми соҳаи иқтисодӣ, тадриҷан боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, густариш ва тавқияти сохторҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва падидаҳои дигари бунёдкорӣ дар кишвар роҳ кушод.Саволе ба миён меояд, Муҳиддин Кабирӣ то ҳол худро аз тарс Исломиддин Садиров, нафақахӯр ва ветерани меҳнат ном гирифтааст, барои мардуми Тоҷикистон кадом корҳои ободониро иҷро кардааст? Хуб мешуд, ки минбаъд “Исломиддин Садиров”, нафақахӯр ва ветерани меҳнат дар бораи аз куҷо нафақа гирифтан, сарчашмаи даромади худ, ветерани кадом намуд ё соҳаи фаъолият маълумот медод, ки ниқоб аз рўи ин ашхос, ки нақши “муши бечора”-ро иҷро мекардааст, кушода шавад. Мардум бояд симои аслии ин “ҳунарманди беҳунари саҳнаи шабакаи Интернетро” шиносад.
Сулҳу суббот дар кишвар, шароит фароҳам овардааст, ки халқи Тоҷикистон ба созандагию бунёдкорӣ, ба татбиқи барномаҳои истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, саноатикунонӣ, ба ғанӣ гардонидани фарҳангу маърифат, ба эҳёи илму техника, ба таъмини адолати иҷтимоӣ дар кишвар шурўъ намояд ва дигар намегузорад, ки ин шароитро, ободию осудагии мардумро “чирроси як мушак” аз паси парда, халалдор созад.
Раҳматуллоев А.Э. – профессори кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ