Рушди салоҳияти таҳлилии бакалаврҳои оянда дар ДДҲБСТ
Дар доираи лоиҳаи Рушди салоҳияти таҳлилии бакалаврҳои оянда дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шуруъ аз санаи 18 январи соли равон дар донишгоҳ тренинг барои 20 нафар омӯзгорон гузаронида шуда истодааст. Дар оғози тренинг ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов ва докторантону устодон иштирок намуданд. Мудири кафедраи иқтисодиёти рақамии Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доктор PhD Аҳлитдин Низомитдинов ҳамчун мураббӣ дарс гуфт. Трениги мазкур то санаи 27 январ идома хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон амалӣ гардида, барои гирифтани грантҳо ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди тафаккури таҳлилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ амалӣ мегарданд, равона шудааст.
Ҳамоҳангсози лоиҳа номзади илмҳои иқтисодӣ Дадохон Аминов тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда дар иҷрои самараноки вазифаҳои гузошташуда ва татбиқи лоиҳаҳо ӯҳдадор мебошад. Даврон Бобоҷонов муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДДҲБСТ ба ҳайси куратори лоиҳа фаъолияти онро тибқи вазифаҳои лоиҳавӣ ва ҳадафҳои донишгоҳ роҳбарӣ менамояд.
Татбиқи лоиҳа дар се марҳила: ташкили курси махсус барои ҳайати профессорону устодони донишгоҳ, таҳияи барномаи курси махсуси “Тафаккури таҳлилӣ” барои бакалаврҳои ихтисосҳои гуногун, ташкил ва ҷорӣ намудани курси махсуси “Тафаккури таҳлилӣ” дар донишгоҳ амалӣ карда мешавад.
Дархости лоиҳавии “Рушди салоҳияти таҳлилии бакалаврҳои оянда дар ДДҲБСТ” ба рушди қобилияти донишҷӯён оид ба татбиқи дониш, малака ва сифатҳои шахсӣ дар ҷараёни амалҳои таҳлилӣ равона карда шудааст. Донишҳои таҳлилии босифат дар истеҳсолот ҷорӣ гардида, барои дастгирии фаврӣ ва фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат мусоидат мекунад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа