ДДҲБСТ: Натиҷаҳои назаррас дар давраи ҳисоботӣ
23 январи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардида, фаъолияти таълимиву илмӣ ва тарбиявиву байналмилалии донишгоҳ давоми соли 2020 натиҷагирӣ карда шуд. Дар кори ҷаласа сарвари донишгоҳ, муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати кормандон, профессорону омӯзгорон иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад намуда афзуд, ки ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон зери таассуроти нотакрори соли 2020 ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси олӣ, мулоқот бо кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат ва ба ифтихори Рўзи дониш баён доштанд, илҳоми тоза гирифта, бо иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардиданд.
Соли 2020 ба таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажўҳишоти илмӣ таваҷҷўҳи бештар зоҳир гардида, 29 проектор, 15 тахтаи электронӣ, 22 компютер, 21 ноутбук, 40 камераи назоратӣ, 37 таҷҳизоти техникии шабакавӣ, 3 адад монитор, 6 принтер, 55 адад мебел ва 1743 адад мизу курсӣ харидорӣ шуд. Айни ҳол 669 адад компютер, 79 адад ноутбук, 200 адад принтер, 160 адад УПС, 19 адад сканер, 137 адад проектор, 41 адад тахтаи электронӣ ва 170 адад камераҳои назоратӣ, 32 адад телевизор, 136 адад тахтаи синфӣ, 9 адад ИБП, 1 адад ксерокс, 2984 адад курсӣ, 1867 адад миз мавриди истифода қарор дорад. Таҳким бахшидани пояҳои моддию техникӣ ба ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, фаъолияти босамари марказҳои компютерӣ ва тестӣ, Марказҳои омўзиши Аврупо ва забонҳо, Парки технологӣ ва лабораторияҳои инноватсионӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар соли таҳсили 2020-2021 ихтисосҳои информатика, омор, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ), фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, санҷиши судӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ ва ихтисосҳои омўзгорӣ: омўзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика ва информатика, забонҳои англисӣ ва назарияи иқтисодиёт ҷорӣ шуда, ба ин ихтисосҳо 443 нафар донишҷўён қабул шуданд. Бо назардошти ихтисосҳои наву замонавӣ қабули довталабон аз рўи 39 ихтисос ба роҳ монда шуд, илова гардид дар идомаи ҷаласа.
Таъкид ёфт, ки ҳамасола дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» ва озмуни ҷумҳуриявии “Хатмкунандагони болаёқат” баргузор мегардад. Дар озмуни соли сипаришуда 6146 нафар хатмкунандагон, аз ҷумла, 2745 нафар тариқи онлайн ширкат варзиданд. Бо назардошти ин 2074 нафар донишҷўён қабул карда шуданд, ки 87,4% -ро ташкил медиҳад. Натиҷаи қабули довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм 132 (88%), зинаи магистратра 184 (56,6%), докторантура аз рўи ихтисос 13 (54%) ва идомаи таҳсил 36 нафарро ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки теъдоди умумии донишҷўён дар донишгоҳ 8238 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати се соли охир зиёд шудааст.
Соли 2020 барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон 1 нафар бо Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму маориф, 2 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 4 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 24 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.
Дар олимпиадаи Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷўён Нуронидин Азизов аз фанни физика, Шавкат Рофиев аз фанни технологияҳои иттилоотӣ, Нигина Авезматова аз фанни химия, Фарҳод Темуров аз фанни астраномия иштирок карда, сазовори Диплом ва Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Дар даври дуюми Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷўён, ки бо ташаббуси Фонди миллии дастгирии инноватсионии Федератсияи Русия дар соҳаи маориф дар ҳамкории филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе доир гардид, донишҷўёни донишгоҳ аз фанни математика иштирок карда, Рауф Турғунов сазовори медали нуқра ва Исломиддин Қодиров сазовори медали биринҷӣ шудаанд.
Дар давраҳои озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” омўзгорон, аспиранту докторантон, магистрантону донишҷўён фаъолона иштирок карданд. Дар даври вилоятии озмуни мазкур донишҷўён – Шаҳзод Абдуллоев сазовори ҷойи аввал ва ба маблағи 8000 сомонӣ ва Манижа Ҳидоятова сазовори ҷойи дуюм ва ба маблағи 6000 сомонӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд. Боиси хурсандист, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ ду нафар донишҷӯёни донишгоҳ- Шаҳзод Абдуллоев ва Манижа Ҳидоятова фаъолона иштирок намуда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Дар озмуни вилоятии “Донишҷўи сол-2020” аз рўи равияи фанҳои гуманитарӣ сазовори ҷойи якум гардидани Рустам Қориев, дар равияи фанҳои дақиқ сазовори ҷойи дуюм гардидани Аслия Абдуллоева боиси ифтихору сарфарозист.
Соли ҳисоботӣ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 14 нафар омўзгорони ҷавон рисолаҳои номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Дар Шўрои диссертатсионии назди донишгоҳ 5 рисолаи илмӣ ба дифоъ расиданд. Ҳамзамон, тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ба 1 нафар устодон дипломи дараҷаи номзади илм дода шуд. Дар асоси фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар бо аттестати профессорӣ, 3 нафар бо аттестати дотсентӣ, 1 нафар сазовори дипломи дараҷаи докторӣ ва 8 нафар сазовори дипломи дараҷаи номзади илм гардиданд.
Дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз соли таҳсили 2020-2021 ихтисосҳои информатика, математика-информатика, соҳибкории иҷтимоӣ, иқтисодиёти рақамӣ ҷорӣ гардида, ба ихтисосҳои зикргардида 178 нафар дохил шуданд. Ҳимояи як рисолаи номзадӣ дар риштаи илмҳои физика- математика, ғолибияти донишҷўён дар онлайн-олимпиадаи байналмилалии кушоди донишҷўён, олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон аз фанни математика, таълифи 3 китоби дарсӣ, 25 мақолаи илмӣ ва 5 дастури таълимию методӣ, баргузории конференсияи илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони «Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар низоми ташаккулёбии иқтисодиёти рақамӣ», семинари илмии байнидонишгоҳӣ доир ба муаммоҳои мубрами математика ва татбиқи он, ҷоннок намудани фаъолияти маҳфилҳои илмии “Риёзиёт дар иқтисодиёт”, «Олами математика», “Ҳозирҷавобони математикӣ”, тибқи нақшаи типпии таълимии зиёд шудани миқдори кредитҳои фанҳои риёзӣ- табиатшиносӣ ва техникӣ (математикаи олӣ, физика, информатика, барномасозӣ) аз тадбирҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Баргузории Форуми ҷумҳуриявии иқтисодӣ дар мавзӯи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо ҷалби коршиносон, олимону мутахассисони соҳавӣ, соҳибкорону намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои ватанӣ дар таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кишвар дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳамбастагии илму истеҳсолот ва амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Дар ин давра ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ густариш ёфта, миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии ватаниву хориҷӣ ба 70 адад расонида шудааст. Дар доираи Барномаи Иттиходи Аврупо Эразмус + лоиҳаи “Табодули ҳайати кадрӣ байни кишварҳои барномавӣ ва шарик” амал менамояд, ки мубодилаи омӯзгорони Коллеҷи Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ, Ирландия (Британияи Кабир) ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз ёфт. Омўзгори ботаҷрибаи коллеҷи мазкур Деклан Фланаган барои такмили ихтисоси омўзгорони гурўҳҳои академии таҳсилашон бо забони англисӣ шурўъ аз 11 январ тариқи он-лайн дарс гузашта истодааст.
Давоми соли 2020 бо мақсади рушди тарбияи ғоявӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, ҳуқуқӣ, гуманистӣ, зебоипарастӣ, меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, экологӣ, сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар маҷмўъ 443 чорабиниҳои мухталиф ташкилу баргузор карда шуданд. Донишҷўёни донишгоҳ дар баробари таҳсил дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок менамоянд. Соли 2020 дар чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ донишҷўён Шаҳром Фатҳуллоев аз рӯи намуди Ҷиу-ҷитсу, Ҳасанҷон Туйчиев аз рӯи намуди гӯштини юнониву румӣ, Рустамҷони Юсуф аз рӯи намуди бокс сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар мусобиқаи кушоди мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд оид ба бокс донишҷўёни донишгоҳ Шаҳбоз Ҳайитов ва Рустамҷони Юсуф ҷойи аввал ва Абдуқаҳҳорзода Рамазон ҷойи дуюмро ишғол намуданд.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар донишгоҳ санаҳои 20 – 22 январи соли 2020 мусобиқаи варзишии кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба намуди волейбол баргузор гардид, ки дар он 18 дастаҳо иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дастаҳои ғолиб бо тўҳфаҳои молию пулии раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷўёни ниёзманд тадбирҳои амалӣ меандешад. Бахусус, 17 нафар донишҷўёни эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рўзона таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуда, дар арафаи иду айём бо кўмаки яквақтаи пулӣ таъмин карда мешаванд.
Имрўз, дар тамоми қаламрави кишварамон ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ бомаром ҷараён доранд. Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ дар ин раванд корҳои созандагиву бунёдкориро вусъат мебахшад. Бунёд ва ба истифода додани толори варзишии замонавӣ, бинои факултети муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон, азнавсозӣ шудани даромадгоҳи бинои асосӣ, ба пуррагӣ аз таъмир баровардани маҷлисгоҳи бинои асосӣ, сафолакпўш шудани атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ ва майдонҳо, шинонидани дарахтҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ далели омодагии аҳли донишгоҳ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Ҳоло бунёд ва азнавсозии иншооти сохтмонаш нотамоми таълимӣ, ошхона, маҷлисгоҳ барои 800 ҷои нишаст идома дорад. Ҳамзамон, раёсати донишгоҳ лоиҳаи бунёди иншооти зерин: хобгоҳи донишҷўён ва бинои истиқоматии баландошёна барои омӯзгорону кормандонро ба нақша гирифтааст. Сохтмони иншоотҳои банақшагирифташуда то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила сохта, ба истифода дода мешавад.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2020 ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода барои ҷоннок намудани фаъолияти сохторҳо вазифагузориҳо намуд.
Дар идома муовинони ректор ба музокира баромада, фаъолияти донишгоҳро дар соли 2020 қаноатбахш арзёбӣ намуда, оид ба иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда дар соли 2021сухан карданд.
Аз рӯи нақшаҳои минбаъда раёсат, ҳайати профессорону омўзгорон ва кормандони донишгоҳ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани он, ташаккули тафаккури техникӣ, ҷалби ҷавонон ба китобхониву забономўзӣ, ҷорӣ намудани навоварию ихтироот дар истеҳсолот ва таҷрибаҳои инноватсионӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, омўзонидани масъалаҳои мубрами давлатдории миллӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, мубориза бо гурўҳҳои ҷудоихоҳ, хурофотпарастӣ, гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон бо умеди тоза ҷониби ояндаи дурахшон қадамҳои боэътимод мегузоранд.
Дар қисмати дуввуми ҷаласаи ҷамъбастӣ як гуруҳ кормандону устодони донишгоҳ, ки дар фаъолияташон ба дастовардҳои илмию таълимӣ комёб гардидаанд Сипосномаву Ифтихорнома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





