Ғолибони озмуни «Кафедраи сол-2020» муайян гардиданд
Бо мақсади таҳлили натиҷаҳои фаъолияти кафедраҳо дар самтҳои фаъолияти таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ҷамъиятиву тарбиявӣ дар соли 2020, ҳавасмандгардонии ҳайати профессорону омўзгорони кафедраҳое, ки дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас сазовор гаштаанд, ҳамасола дар Данонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати тоҷикистон озмуни «Кафедраи сол» баргузор карда мешавад, ки дар доираи он аз ҷониби комиссияи озмунӣ самтҳои мухталифи фаъолияти тамоми кафедраҳо, ба истиснои кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, баҳогузорӣ карда мешавад. Имсол низ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 10 декабри соли 2020, №103 чунин озмун баргузор карда шуд, ки мақсади асосии он баланд бардоштани самаранокии фаъолият, ноил гаштан ба дастовардҳои назаррас ва фароҳам овардани шароит барои ба роҳ мондани рақобати солими байни кафедраҳо маҳсуб мешавад.
Дар натиҷаҳои баҳогузории комиссияи озмунӣ кафедраи сиёсатшиносӣ бо 323,3 хол сазовори мақоми аввал кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ бо 256,6 хол ба гирифтани мақоми дуюм ва ба гирифтани мақоми сеюм бо 202,3 хол кафедраи назарияи иқтисодӣ сазовор гаштааст. Бино ба баланд гирифтани холҳо кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ тибқи хулосаи комиссия ба гирифтани мақоми чорум шарафёб гардид.
Бо баргузории як ҷаласа ғолибони озмуни “Кафедраи сол” қадршиносӣ шуданд.Кафедраи сиёсатшиносӣ ғолиби озмуни «Кафедраи сол» дар донишгоҳ дониста шуда, бо диплом ва маблағи 6000 сомонӣ қадршиносӣ гардид. Ба кафедраҳои дигар, ки сазовори мақомҳои ифтихорӣ шудаанд диплому маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 3, 4 ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


