ДДҲБСТ ба тамоми ҳарифонаш дастболо гардид

Дар даври ниҳоии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастаи ДДҲБСТ бо тими кормандони соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан рақобат намуд. Мусобиқаи мазкур дар қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир гардида, бо натиҷаи 2 бар 0 бар фоидаи дастаи ДДҲБСТ ба интиҳо расид. Ёдовар мешавем, ки давоми чанд рӯз мешавад, ки мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ва дастаҳои омӯзгорону кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои  дарёфти “Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷараён дошт. Пас аз шикаст додани тими ҳариф дастаи зери 35 солаи ДДҲБСТ соҳиби роҳхати даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур гардид.

Ҳамчунин, дар ин рӯз дастаҳои аз 35 сола болои шаҳри Истаравшан ва ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров вориди майдон гардида, тими кормандони соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан бо натиҷаи 5 бар 2 дастаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуровро шикаст дода, ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур роҳ ёфт.Дар даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” вилояти Суғдро ду даста тими зери 35 солаи ДДҲБСТ ва дастаи аз 35 сола болои шаҳри Истаравшан намояндагӣ хоҳанд кард.Дар интиҳои даври вилоятии мусобиқа ба дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарин туҳфаву медалҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилояти Суғд  тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи ДДҲБСТ дар ҳамаи 8 рақобат дар давраи вилоятӣ ба ҳарифонаш бо натиҷаҳои бузург дастболо гардида буд. Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ барои ғолибият дар даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур ба дастаи худ барору муваффақиятҳо орзу менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like