Фитнаи навбатии Муҳаммадиқболи Садриддин
Ҳамарӯза дар ҷомеаи муосир хоинону гумроҳон ва иддаи нохалафон барои паст задани шаъну шарафи инсонҳои соҳибмартаба, бадном кардани ин ё он шахсиятҳои маъруф ба паҳн намудани андешаҳои пастфитратона, содир намудани ҳар гуна фатвоҳои беасос ва халалдорсозии авзои ҷомеа, бадномсозии Ҳукумату сарвари давлат, тафриқаандозиву фитнагарӣ машғуланд. Эшон худро ҳамчун “ғамхори давлату халқ” нишон дода, амалҳои разилонаи хешро дар доираи арзишҳои олии миллӣ амалӣ намуда истодаанд. Ба мисоли чунин бадфитратон аъзо ва пайравони ташкилоти ТЭТ ҲНИ мебошанд.
Дар ҷаҳони пешрафти техникаву технологияи муосири имрӯза наҳзатиёни хоин ба ҳар роҳу восита кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ андешаву фикри ҷавононро халалдор созанд. Бо вуҷуди он, ки аз сабаби сӯйистифодакунии номи дини мубини ислом ТЭТ ҲНИ-ро Худо зад, ҳоло ҳам ин бешарафон аз фитнагарӣ даст накашидаанд. Аз ин рӯ, ҳар ҷавони соҳибақлу бомаърифатро зарур аст, ки ба фитнаҳои онҳо гӯш надиҳад, зеро Худо мефармояд: “фитна бадтар аз қатл аст”.
Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз чоплусони Паймони миллӣ дар мақолаи худ “Дастуруламал”-и Раҳнамо ба оппозитсия ва бобои Донаи 87 сола овардааст, ки гӯё “Шумо чиро ва киҳоро давлат гуфта истодаед? Раҳмон шакли табиии инкишофи давлат ва давлатдории Тоҷикистонро тахриб ва вайрон карда истодааст”.
Пас биёед таҳлил кунем, кӣ кор мекунаду кӣ суханфурӯшӣ мекунад. Кӣ рост мегуяду кӣ дурӯғ. Ҷаноби Олӣ аз рӯзи аввали оғози кори худ ваъда намуда буд, ки ман ба Шумо сулҳ меорам. Ин ваъдаро бо сари баланд соли 1997 иҷро намуд.
Ваъдаи дуюми Пешвои миллат бо маводи хӯрока таъмин намудани кишвар буд. Мо ба як лаби нон муҳтоҷ будем, имрӯзҳо сад намуди нонро дар дастархон дорем.
Ваъдаи сеюми Ҷаноби Олӣ аз кишвари сетақсим сохтани кишвари воҳид буд, ки бо сохтани роҳу пулҳо ва нақбҳо ин ваъдаро амалӣ намуд.
Имрӯз хурду калон, нафаре, ки дилу чашми инсонӣ дорад, нафаре, ки шукронаи осоишу оромиш ва равшании хонадон мекунад, нафаре, ки бо чашми ҳақиқат ба кӯҳи бунёдкорӣ менигарад, дар ҳар қадам созандагиро, ободониро мебинад, садҳо нафрат дорад ба чеҳраҳои сиёҳу суханони бепояву дурӯғини душманони ватан.
Мо хуб мефаҳмем, ки инсон ба давлати худ дар сурате манфиатовар буда метавонад, ки онро воқеан бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осудаи ҳамватанонаш дӯст, эҳтиром ва эҳсос намуда бошад. Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рўзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрузу фардо таъсирҳо дорад, дўст дорад, аз таҷрибаи он сабақ бардорад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорад. Ин аст дарси ватандории барои ҳар яки мо.
Юсупова З.Ш. – омӯзгори калони кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ