Ғолибиятҳои пайиҳами дастаи ДДҲБСТ дар мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Давоми чанд рӯз мешавад, ки мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ва дастаҳои омӯзгорону кормандони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои дарёфти “Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷараён дорад.
Дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳамаи тимҳои донишгоҳҳои вилоятро шикат дода, сазовори ҷойи аввал гардид. Тими ДДҲБСТ дар нахустин дидор бо дастаи ДП ДТТ ба номи М.Осимиро бо натиҷаи 9-2 шикаст дод. Дар вохӯрии дуввуми худ дастаи ДДҲБСТ бо тими ДИСДТТ вориди рақобат гардида, бо натиҷаи калони 19-0 дастболо гардид.
Сипас, дастаи ДДҲБСТ дар дидори дигар бо тими ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров вориди майдон шуд. Бозингарони дастаи ДДҲБСТ аз худ маҳорати баланд нишон дода тими ҳарифро бо натиҷаи 4 бар 1 шикат дод. Инчунин ҳарифи дигари худ дастаи ДКМТ дар шаҳри Бӯстонро тими ДДҲБСТ бо ҳисоби калони 10 бар 2 мувоҷеҳи шикати кард.
Дар даври вилоятии мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” тими ДДҲБСТ ба ҳамаи ҳарифонаш бо натиҷаҳои калон дастболо гардид. Пас аз ғолибият ба дастаҳои донишгоҳҳои вилоят тими ДДҲБСТ бо дастаи кормандон ва омӯзгорони ноҳияи Б. Ғафуров ба майдон баромад. Дар ин дидор низ тими донишгоҳи мо ба ҳариф бо натиҷаи бузурги 5 бар 2 комёб шуд. То ба имрӯз ҳамлагар аз дастаи ДДҲБСТ Аъзамҷон Дӯстматов бо голҳои бешумораш беҳтарин нишонзан дониста мешавад.
Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳҳои соҳаи маориф барои дарёфти “Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дорад.Дар сурати ғолибият ба дастаҳои дигар тими ДДҲБСТ метавонад ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаи мазкур роҳ ёбад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








