Аз Кабириву ҳизбаш ҳама безорем!
Бузургии ҳар халқу миллат аз нангу номуси он рушд менамояд, пеш меравад ва миллионҳоро тарбия намуда, номи миллату давлатро, расму оин ва урфу одаташро аз насл ба насл мерос мегузорад.
Солҳои охир яъне солҳои 90-ум миллати тоҷик бо мушкилиёти иқтисодиву фарҳангӣ дучор шуда буд. Оҳиста –оҳиста Тоҷикистони азизамон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Аммо баъзе шахсиятҳои аблаҳе, ки аз тори бом афтодааст гардани моро шикастанӣ мехоҳад. Дар Тоҷикистон чунин шахсиятҳо ёфт мешаванд, ки ба харобию, бесару сомониҳо поя мегузоранд.
Ба чунин ашхосон Муҳиддин Кабирӣ дохил шуда, аз солҳое, ки ӯ роҳбари расмии ТЭТ ҲНИ дар мамлакат буд, барои амалӣ сохтани мақсадҳои нопокаш Тоҷикистонро ба дасти худ гирифтанӣ шуд. Солҳои соҳиби мансаб буданаш Кабирӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ сафар намуда, вохӯрӣ гузаронида мардумро бо фитнаи худ манқурт кардани буд, лекин мардуми донишманду маърифатпарвари тоҷик ба доми ӯ наафтода ӯро аз маҷлисгоҳ ронданд. Ҳоло ӯ ҳамчун гуреза дар Аврупо бо гурӯҳи бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” фаъолият мебарад.
Кабирӣ то ҳол ба пешравии халқи худаш хиёнат намуда, ба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суханҳои бекораву бардурӯғашро баён мекунад. Он молҳое, ки дар тӯли фаъолият дар ТЭТ ҲНИ соҳибӣ карда буд, танҳо ба фоидаи шахсии худ истифода бурда, соҳиби чандин хонаву корхонаҳо гардид.Баъди ошкор намудани манфиатҳои ин марди хатарнок гуреза шуда ба Аврупо меравад. Ба ақидаи ҳазрати Бедил:
Олами маънӣ шудему доғи ҷаҳл аз мо нарафт
Кард шахси беамал бо суханҳояш моро хароб
Халқи тоҷик боварӣ дорад, ки ҳаргиз бори каҷ ба манзил намерасад ва заҳмати бесамараш ба бод меравад.
Кабирӣ донад, ки ҳар пирӯзиҳо аз иттифоқ бармеояд ва парокандагиҳо аз беақлию бемаърифатӣ пайдо мешавад. Нест бод чунин шахсияти зиёновару зиёнкор! Агар ӯ дили инсонӣ медошт, ба Тоҷикистони соҳибистиқлоли худ манфиатовар мешуд.
Самадов Р.И. – н.и.и., дотсенти
кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ