ДДҲБСТ: Барассии масъалаи мубрам дар ҷаласаи кафедраи забони тоҷикӣ

Тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади баррасии номзадии довталаб Шокиров Туғрал Сироҷович барои дарёфти унвони илмии профессор  ҷаласаи васеи кафедраи забони тоҷикӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа  профессорони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Абдуҷамол Ҳасанзода, Толиб Ваҳобов, Матлуба Азимова, декани факултети молияи ДДҲБСТ дотсент Дилрабо Хоҷаева, дотсентони кафедраи забони русии донишгоҳ М.Атоева, З.Абдувалиева ва аъзои кафедра иштирок намуданд.

Сипас, довталаб оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию омўзгорӣ, касбӣ, инчунин, иштирок дар фаъолияти таълимию методӣ ва илмӣ, омода кардани кормандони илмии тахассусии олидошта, нашри корҳои таълимию методӣ ва илмию тадқиқотиаш гузориш дод.  Аз ҷумла қайд намуд, ки  ба ҳайси профессори кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ  ба муҳассилин аз фанҳои забони тоҷикӣ,  синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик, риторика, маҳорати нутқ ва имло дарс додааст. Ҳамазамон, Туғрал Шокиров дар асоси созишнома ва даъвати Донишгоҳи давлатии Фарғона ба донишҷӯёну шунавандагони шаҳрҳои Исломобод,  Иёлоти Сан-Хосе, Такоме, Чикаго, Хюстон, Вашингтон ва Ню-Йорки Амрико дар реҷаи онлайн машғулият гузарондааст.

Дар доираи пажўҳишоти илмӣ  танҳо дар панҷ соли охир таълифи 115 мақола, 110 тақриз ба рисолаҳои илмӣ,  китобу маҷмӯаҳо ва дастурҳову КТМ, 29 гузориш, 8 барномаи таълимӣ, 25 таҳрири китоб,  ширкат дар 29 конференсияву чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявию минтақавӣ корҳое буданд, ки довталаб ба иҷро расонидааст. Дар маҷаллаҳои илмии аз тарафи КОА эътирофшуда 117 мақола ба нашр расонда, 2 монография, 7 дастуру КТМ таълиф намудааст.

Профессор Туғрал Сироҷович барои хизматҳои арзанда дар рушду нумўи илми забоншиносӣ бо 13 сертификати байналхалқӣ (Русия-2017), Германия, Франсия, Испания (2018), ИМА ва Гонконг (2019) сарфароз гардидааст.

Пас аз шунидани ҳисоботи довталаб иштирокчиёни ҷаласа  Абдуҷамол Ҳасанзода, Т. Ваҳобов, А.Каримов, Ю.Кенҷаев, М.Атоева ва Б. Ҳакимова перомуни фаъолияти густурдаи таълимиву тарбиявӣ ва илмии профессор Т.Сироҷович ҳарф заданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Т.Шокиров  бо маърифати воло ва заковати беҳамто дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, мутобиқ ба  стандартҳои ҷаҳонӣ омода намудани мутахассисон, тарбияи насли созанда ва рушди имрўзу фардои низоми маорифи кишвар бо азму талошҳои созанда кору фаъолият дорад.

Навгароӣ ва тозагӣ дар таълифоту тадқиқот, пажўҳиши  пурарзиш дар бештари қисматҳои илми забошиносӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ эътирофи хизматҳои шоён ва заҳматҳои рӯзафзуни профессор Т.Шокиров арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки олими номдору пурмаҳсул бо  тадқиқоти бахши истилоҳот, истилоҳшиносию истилоҳсозӣ ва таълифи чандин  асарҳо, рисолаву мақолаҳои илмӣ ба равшан намудани  манзараи куллии муносибати системавии байни воҳидҳои забон, равандҳои инкишофи низоми луғавӣ  ва ғанӣ гардонидани таркиби луғавии забони миллӣ саҳми беназир дорад.

Дар фарҷом иштирокчиёни ҷаласа Туғрал Сироҷовичро бо як овоз номзади арзанда барои дарёфти унвони илмии профессорӣ ҳисобида, дар фаъолияти минбаъдаи гуногунҷабҳааш комёбиҳо таманно намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like