Кӯшиши ғалати “фабрикаи ҷавоб”-и ТЭТ ҲНИ

Дар солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро  пеш  гирифт, лекин дар баробари пешравиҳо, дучори монеаҳои ҷиддӣ низ гардид, ки барои бартараф кардани онҳо нерўю афкори созандае, ки кафолати  таъмини ободию  созандагӣ, омили пешрафти ҷомеа гардад, ногузир буд.

Фоҷеаи иҷтимоии дар Тоҷикистон солҳои 1992-1997 сар зада, қариб тамоми Тоҷикистонро фаро гирифт, ба соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳатто ба афкору ҷаҳонбинии мардуми кишвар таъсири  манфӣ расонд. Барқарор кардани оқибатҳои ҷанги дохилӣ, таъмини низоми ягонаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ вақти муайян ва ҷидду  ҷаҳдро дар ҳама соҳаҳо талаб кард, то ки дар байни мардуми кишвар руҳия ва муҳити созандагӣ ва мўътадил барпо шавад. Вақте ки чунин пайомадҳо бартараф шуданд,  акнун ашхоси алоҳида монанди Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ТЭТ ҲНИ дар саҳифаи шабакаи иҷтимоӣ худро “муборизи ҳуқуқу озодиҳои мардум” эълон карда, бо андешаҳои пур аз ғалати  худ  мехоҳад ҷонибдорони худро пайдо намояд.

Чунки Бобоҷон Қаюмов “адешаҳои худро” бо ёрии шабакаи иҷтимоӣ паҳн карда,  мехоҳад онҳоро ҳамчун воқеият нишон диҳад, диққати созмонҳои байналхалқиро ҷалб намояд ва ниҳояти кор “кӯмаки молиявӣ” пурсад. Ин гуна андешаронӣ як қадами навбатӣ  сўи  барпо кардани муҳити нобоварӣ ва ҷудоиандозӣ байни мардум аст, ки усул ва тактикаи кӯҳнашуда ва қаблан озмудаи онҳост.

Аз ин рў, агар ба сабаб ва омилҳои муқовимати дохилӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон  нигоҳ кунем, таҳлили оддитарин  нишон медиҳад, ки ҷудоиандозӣ аз ҳамин гуна муҳит оғоз шуда, зиддияти манфиат ва ақидаҳоро ба вуҷуд овард. Чунки, яке аз сабабҳои чунин оқибатҳои фоҷеаангез ва мудҳиш, коста гаштан ва аз байн рафтани ақидаҳои роҳбарикунандаи даврони шўравӣ бошад, сўистифодаи қувваҳои муайян аз арзишҳои динӣ барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ сабабгори дигари парокандагию муқовимат дар байни мардум, хурўҷи «бемории» маҳалгароӣ, гурўҳбозӣ, тарғиботи шиору ақидаҳои иғвоангез ва низоъпарастии як зумраи аҳолӣ гашт, ки дар баробари низоъи сиёсӣ, мардуми  моро дучори бўҳрони маънавӣ низ карда буд.

Ҳоло ҳам чунин андешаронии  ғайримантиқ метавонад нафаронеро, ки аз  ниятҳои  нопоки “ба  ном мухолифин” ғофил ва бехабарро ба доми худ кашад.

Фаромўш  набояд кард, ки солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон, як гурўҳ ба роҳбарӣ гирифтани таҷриба ва ғояҳои  давлатҳои Ғарбро ҳамчун роҳи ягонаи наҷот ва халосӣ аз душвориҳо донанд, гурўҳи дигар умеди худро фақат ба таҷрибаи таърихӣ ва фарҳанги ниёгон вобаста карда буданд. Зумраи дигар, бо шубҳа ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати нави Тоҷикистон, ҳамчун давомёбии низоми тоталитарии коммунистӣ баҳо дода,  дар ҷустуҷўи барпо намудани муҳити нобоварӣ ва низоъ буд. Дере нагузашта дар қатори чунин  ақидаҳо, дар байни мардум ақидаҳои низоангезу ифротӣ авҷ гирифт, ки дар як муддати кўтоҳ  бо  ҷонибдорӣ ва  маблағгузорӣ аз хориҷи кишвар, тавонист тарафдорони худро пайдо намояд ва мусаллаҳ созад, ба руҳия ва ҷаҳонбинии мардум таъсири ҷиддӣ расонад, халқи меҳнаткаши моро ба вартаи низоъ ва фоҷеа андозад.

Барои   паст  кардани  таъсири  ин гуна  ақидаҳои носолим ва  иғвоангез дар шабакаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тарғиби  нобоварӣ ҷудоиандозӣ, инчунин  бо мақсади таҳким  бахшидани  сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд низоми муосири муборизаро  зидди  маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ таҳким бахшем. Адешаронии ашхосони бегонапараст муқоисае ё ҳатто муҳокимаеро нашояд, дар ҷавоб ба онҳо хуб аст, ки шаклҳои нави ташкили корро дар самти саноатикунонии кишвар татбиқ намоем, ба  пешрафти илму техника мусоидат кунем, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем, таълиму тарбияи мутахассисонро  вусъат  бахшем, набзи бомароми зиндагии мардумро дар мамлакат таъмин кунем.

Раҳматуллоев А.Э. – профессори  кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like