Хари наҳзатӣ!
Ҷавоб ба мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин таҳти унвони «Аз гумоштагӣ то ба Пешвоӣ, Ҳафт хиёнати бузург», ки пур аз дасисаву дурӯғ аст.
Вақте, ки матнро тез аз назар гузаронидаму ба муаллифаш нигаристам, боз ҳамон Муҳаммадиқболи Садриддин, боз ҳамон иғвоандозу балвогар, боз ҳамон тӯтие, ки гапро фаҳмидаю нафаҳмида, ба мазмуни сухан нарафта, аз даҳони кӣ ин сухан гуфта шудааст ба кӣ равона карда шудааст гирифта, даррав ба сомонаи ифротии худ мегузорад. Ин «доно» на фикр мекунаду на таҳлил. Матни навишташудаш ҳам фаҷ аст.
Наход аз таги нохун чиркро кофта, дар тӯли 28 сол заҳмати шабонарӯзии шахси бо нангу номус, меҳнаткаш, бунёдкор, созанда, сулҳовар Эмомалӣ Раҳмонро ба назар нагирифта, ҳафт дурӯғу тӯҳматро аз куҷое кофта ёфтааст.
Лек бо ин гуфтаҳои душманон ва хизматгорони хоҷагонӣ хориҷа қадру қиммат, иззату обрӯи ин шахси бузург, матинирода Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дорои маҳбубияти хоса миёни мардуми мамлакат аст, қатрае паст намешавад.
Дар матн оварда шудааст, гӯё ки «нахустин хиёнати Эмомалӣ Раҳмонов ин буд ки ӯ бо дастони кишварҳои хориҷӣ ба қудрат расид. Русия ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро бо силоҳу муҳиммоти ҷангӣ таъмин карданд ва ӯ ба маҳзи таъминоти онҳо қудратро гирифт». Бечора Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар душманони халқи тоҷик, иғвогарон, балвогарон дар кадом шароит, дар кадом ҳолат, чӣ гуна ба сари давлат омадани Пешвои миллатро таърих худаш хуб медонад. Таърихро бояд донист, Мулломуҳаммадиқболи Садриддин. Хушбахтона, 16-уми ноябри соли 1992, вақте ки ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ монда буд, шахси боматонат Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сарвари давлат таъин шуд.
Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.
Дар идомаи матни иғвогаронаи худ муаллиф қайд мекунад, ки гӯё «Раҳмонов ҳеҷ гоҳ намехост ки ин гурезаҳо баргарданд». Ин ҳам дурӯғ, чоро ки ҳар гурезаи зинда инро тасдиқ менамояд, ки ӯро Президенти кишвар овардааст”. Эмомалӣ Раҳмон аз рузҳои аввали ба қудрат омаданаш сулҳ меорам гуфтаанд. Сулҳро мо, мардуми тоҷик дида истодаем ва осмони софу беғуборро дар сари худ дарк карда истодаем.
Умуман, матн ё навиштаҷоти Муҳаммадиқболи Садриддин таҳти унвони «Аз гумоштагӣ то ба Пешвоӣ, Ҳафт хиёнати бузург» сар то по дурӯғ, балвогарӣ. Хонандаи зақӣ ва бохирад ӯро маҳкум менамояд.
Оварда шудааст: Масалан танҳо аз чопи китоби “Тоҷикон” 7 миллион доллар даромад мегирад. Ин ҳам дурӯғ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи хонадони мардуми тоҷик китоби “Тоҷикон” – ро ройгон тақдим менамоянд, на ранги Шумо ба пул мезананд.
Муҳаммадиқболи Садриддин – иғвоандоз, балвогар акнун мардуми тоҷик дӯсту душмани худро нағз медонад ва нағз мешиносад ба кирдору рафтори ба Шумоён маҳлуқон бовар намекунад. Мо чунин рафтору гуфторҳои фаҷро маҳкум мекунем. Халқро гумроҳ наҳисобед.
Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ