ДДҲБСТ: Такмили ихтисоси омӯзгорон тариқи онлайн
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи Барномаи Иттиходи Аврупо Эразмус + лоиҳаи SMPPC- Staff mobility between program and partner countries – Табодули ҳайати кадрӣ байни кишварҳои барномавӣ ва шарик – Коллеҷи Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ, Ирландия (Британияи Кабир) ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон амал мекунад.
Бо максади самаранок ба роҳ мондани робита бо Коллеҷи минтақавии Ҷанубу Шарқии Британияи Кабир бо тасмим ва гуфтугўҳои пешакии хамохангсозони лоиха дар коллечи мазкур Элейн Мковн ва дар донишгоҳ Абдураҳим Ҷўраев яке аз омўзгорони ботаҷрибаи коллеҷи мазкур Деклан Фланаган барои гузаронидани такмили ихтисоси омўзгорони гурўҳҳои академии таҳсилашон бо забони англисӣ тарики он-лайн, берун аз нақшаи лоиҳаи амалкунанда, даъват карда мешавад ва маблағи дарсҳо ( тарики он-лайн) аз ҷониби донишгоҳ пардохт мегардад.
Дар замина бо ташаббуси шўъбахои робитаҳои байналмилалӣ ва таълим мулоқоти ҳамоҳангсози лоиҳа дар донишгоҳ Абдураҳим Ҷўраев бо омӯзгорони гуруҳҳои англисӣ баргузор гардид. Хадафи мулоқот шинос намудани омузгорон бо мақсади умумии лоиха ва муаррифии барномаи онлайн-курси забони англисӣ, интиқоли таҷрибаи омўзгори хоричӣ аз Британияи Кабир Деклан Фланаган буд. Инчунин, ҷиҳати муайян намудани омодагӣ барои иштирок дар трейнинг бо омўзгорон сўхбати озод баргузор гардид.
Ҳамчунин, 18 декабри соли 2020 бо иштироки хамохангсозони лоихаи мазкур Элейн Мковн, Абдурахим Ҷўраев ва ширкаткунандагон мулоқоти онлайн баргузор гардид. Дар сухбати омӯзгори хориҷӣ Деклан Фланаган оғоз, рӯзхо ва вакти баргузори трейнинг аз 11 январи соли 2021-рӯзҳои сешанбе, ҷумъ аз соати 14 то 16 муайян карда шуд.
Ҷоизи қайд аст, ки микдори соатҳои таълимӣ ба 40 соат баробар буда, бо иштироки 12 ё 13 омўзгор , дар як ҳафта ду маротиба, дар муддати 2.5 моҳ гузаронида мешавад.
Баргузории дарсҳои мазкур бо ҷалби омўзгори ботаҷриба аз Британияи Кабир Деклан Фланаган ба рушди касбияти омузгорон, баланд бардоштани сатхи забондонӣ ва сифати таҳсилот дар гурўҳҳои забони таҳсилашон англисӣ мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа