Иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” қадршиносӣ шуданд
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро ба ҳузур пазируфт ва онҳоро табрику муборакбод намуда, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард.
Тавре маълум аст аз 7 то 15 декабр дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур ду нафар донишҷӯёни ДДҲБСТ Шаҳзод Абдуллоев ва Манижа Ҳидоятова иштирок намуданд.
Донишӯёни ДДҲБСТ барои иштироки фаъол дар даври ниҳоии озмуни мазкур бо Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудаанд.
Сарвари донишгоҳ бо ёдоварӣ аз баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, ба кашфи истеъдодҳо мусоидат карда истодааст изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин тадбири фарҳангӣ ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ дар байни мардум, ғанӣ гардонидани захираи луғавии онҳо, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, ки аз ҳадафҳои асосии баргузории ин маъракаи муҳим ва беҳамто ба шумор мераванд, такони ҷиддӣ бахшид.
Ёдовар мешавем,ки озмуни мазкур аз рӯйи 5 номинатсия – хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ сурат гирифт.
Дар интиҳо донишҷӯён аз дастгириҳои ҳамешагии давлату ҳукумат ва раёсати донишгоҳ ба сарвари донишгоҳ изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



