Ғамхорӣ нисбати донишҷӯёни ниёзманд

Табақаи ниёзманди ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, онҳо ба таври ҳамешагӣ бо кӯмаку ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Дар пайравӣ ба амалҳои инсонпарваронаи Сарвари давлат роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон донишҷӯёни эҳтиёҷмандро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Ба муносибати соли нави мелодӣ имрўз ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода 18 нафар донишҷӯёни ниёзманд, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, ба соли нави мелодӣ шодбош намуда, кӯмаки молиявӣ расонд.

Сарвари донишгоҳ онҳоро ба омӯзиши пайвастаи илму дониш, аз худ намудани барномаҳои таълимӣ, забономӯзӣ ва такмили донишу малака даъват кард. Донишҷӯён низ дар навбати худ барои дастгириву пуштибониҳои давлату Ҳукумат ва таваҷҷӯҳи роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ваъда доданд, ки таҳсилашонро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонида, саҳмашонро дар гулгулшуфоии кишвари соҳибистиқлоламон мегузоранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like