Омўзиши асарҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўи ояндаи дурахшон
Бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷӣ ва китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Омўзиши асарҳои Пешвои миллат – роҳ ба сўи ояндаи дурахшон» баргузор гардид.
Дар кори конфронс декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Мунира Акмолова, намояндаи раёсати илм ва инноватсия Рухсора Низомитдинова ва мутахассиси шуъбаи махзан ва хизматрасонии китобхонаи илмии донишгоҳ Парвина Мўминҷонова иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози конфронс декани факултети мазкур баромад карда, зикр намуд, ки мавқеи асарҳои Пешвои миллат дар ҷодаи тарбияи ҷавонон таъсири назаррас дорад.
Ҳамчунин мудири кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ дотсент Ҳамза Эгамназаров дар баромади худ қайд кард, ки мақсади асосии омӯзиши асарҳои Пешвои миллат дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфтани наврасону ҷавонон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Аз рўи барномаи конфронс меҳмонон ва донишҷўён дар мавзӯҳои «Нақши асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон», «Аҳамияти омўзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити имрўза» ва «Муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар давраи истиқлолият» маърузаҳо ироа намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш аз донишҷӯёну иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки асарҳои Пешвои муаззами миллатро пайваста омӯхта, ҷаҳонбиниашонро васеъ гардонанд ва аз таъриху тамаддун ва давлатдории миллиамон огоҳ гарданд.
