Сагони чамшгуруснаи наҳзатӣ
Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ бо роҳбари Муҳиддин Кабирӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегарданд ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Хушбахтона имрӯз сокинони кишвари мо нисбати ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиханд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққиву инкишоф дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.
Маълум аст, ки пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва Паймони миллӣ бо сарварии Кабирӣ ин ҳамон пасмондаву давомдиҳандаи фикру ақидаҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Ихвон-ал-муслимин” мебошад. Ташкилоти “Ихвон-ал-муслимин” созмонест, ки ба ғояҳои назариячиён ва пешвоёни асосии он Ҳасан ал-Банна ва Сайид Қутб асос ёфтааст. Ҳадафи он барҳам додани ҳукуматҳои ғайриисломӣ ва барқарор кардани ҳокимияти исломӣ дар миқёси ҷаҳон тавассути азнавсозии “Хилофати Исломии бузург” дар минтақаҳое мебошад, ки шумораи аҳолии мусалмон доранд, аз ҷумла Русия ва кишварҳои ИДМ. Дар баъзе давлатҳои Шарқи Наздик онро қонун манъ кардааст, ба монанди давлати Сурия. Экстремистҳо мекӯшанд, ки тартиботи исломӣ эҷод кунанд ва як иттиҳодияи давлатҳои исломӣ таъсис диҳанд. Ин созмон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ эътироф гардида, фаъолияти он манъ карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ки ба он соли 2007 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Роҳбарони ТЭТ ҲНИ аз паи хоҷагони хориҷии худ ҳамчун сагони чашмгурусна мераванду фармону супоришҳои ононро ба ивази пулу мол бечуну чаро иҷро менамоянд ва бо ҳамлаҳои номуваффақи худ мехоҳанд тинҷиву осоиштагии кишварамонро халалдор намоянд. Ин ҳамлаҳо моро маҷбур намекунанд, ки ба ақиб равем ва монеъ шуда наметавонанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи дарпешистода барои решакан кардани терроризм овоз диҳанд.
Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои гуруҳҳои ифротӣ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеъи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад.
Каримов Р.А. – н.и.и., дотсенти
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ