Мизи мудаввар дар доираи Форуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ дар ДДҲБСТ

Дар доираи кори Форуми иқтисодии ҷумҳуриявии «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» нимаи дуюми рўз бо иштироки соҳибкорони ватанӣ, докторантон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар ҳамкорони мо – намояндагону роҳбарони бонкҳои “Амонатбонк”, “Ориёнбонк”, “Эсхата”, “Имон”, “Ҳумо”, МОИ “Суғд”, ширкатҳои истеҳсолии “Фаровон-1”, “Яхмоси 33”, “Neksigol”, «Дўстӣ Алишер», «Азизӣ», «Файзи Расул», «Арча», «Стар-Пласт», «Manzil», “Сафеда”-и Истаравшан, ширкати мобилии  “Tcell”, меҳмонхонаи “Khujand-Star”, Асотсиатсияи рушди сайёҳии “Зарафшон” иштирок ва баромад намуданд.

Мутахассисон бо маърўзаҳои хеш перомуни иқтидори иқтисодии вилояти Суғд, нақши ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дар саноатикунонии кишвар, саҳми ҶДММ «АгроАшт» дар рушди соҳаи кишоварзӣ, омилҳои баланд  бардоштани  дониши  иқтисодии соҳибкорон дар шароити муосир (ҷаҳонишавӣ), аҳамияти малакаҳои касбии мутахассисон дар таъмини рушди устувор,  нақши ташкилоту корхонаҳои фаъолиятдоштаро дар рушди иқтисодиёти миллӣ баён доштанд.

Сипас, байни  сардори  шуъбаи хизматрасонӣ  ба  андозсупорандагони  Раёсати  андоз  дар  вилояти Суғд, роҳбари ширкатҳои “Азизӣ», «Рахшона», «Равзана», «Арча», «Дўстӣ Амирхон», «Нексигол-Навовар», «Роҳи абрешим», директорони  генералии «Яхмоси 33», Гулистони Душанбе», «Элегант», ФҚХ “Имон”, “Матин”,  “Арванд”, «Тавҳидбонк», “Ҳумо” роҳбарони Ассотсиатсияи соҳибкорони «Ҳадид», «Сафеда», СИ «Сангинов» ва иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкор ба миён омад.

Дар фарҷоми Форуми иқтисодии ҷумҳуриявии «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» маросими бастани шартнома бо ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ сурат гирифт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like