ДДҲБСТ: Форуми иқтисодии ҷумҳуриявии «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ»

Имрўз, 11 декабри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 Форуми ҷумҳуриявии иқтисодӣ дар мавзӯи «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори Форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Шариф Раҳимзода тариқи онлайн ва муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашўрбой Солеҳзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, коршиносон, олимону мутахассисони соҳавӣ, соҳибкорону намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ ва роҳбарону намояндагони ширкатҳои ватанӣ иштирок ва баромад карданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода Форуми ҷумҳуриявиро ифтитоҳ намуда, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолиро аз масъалаҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки баргузории Форуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби олимону мутахассисони соҳавӣ дар таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ омили муҳим хоҳад буд.
Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода тариқи онлайн баромад намуда, таъкид дошт, ки итминон дорем, ки дар доираи кори Форум мубодилаи афкор перомуни дарёфт ва пешниҳоди роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кишвар дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳамбастагии илму истеҳсолот сурат мегирад ва хулосаю пешниҳодоти олимону мутахассисон дар амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Дар идома олимону мутахассисони соҳа дар мавзӯҳои ҳолати муосир, муаммоҳо ва рушди устувори макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди устувории иҷтимоии – иқтисодӣ дар шароити таҳдидҳои нав ва оқибатҳои COVID – 19, ҷабҳаҳои назариявӣ ва амалии таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон, иқтисодиёти рақамӣ дар низоми баланд бардоштани рақобатпазирии хоҷагидории миллӣ ва рушди устувор, ташаккули муҳити мусоиди сармоягузорӣ, рушди инноватсионӣ ва модернизатсияи иқтисодӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва қарзии рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат – кафили гузариши иқтисодиёти миллӣ ба иқтисодиёти саноатӣ-инноватсионӣ маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.
Дар маърўзаҳои илмӣ хулоса карда шуд, ки бо татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда беҳтар гардида, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва миқдори маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда меафзояд. Ин омилҳо ба рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбӣ хоҳад расонд.
Нимаи дуюми рўз дар доираи форуми мазкур бастани шартномаҳо бо соҳибкорон ва ширкатҳои истеҳсолӣ, баргузории мизи мудаввар ва ироаи маърўзаҳо дар бахшҳои алоҳида дар назар дошта шудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like