Муаррифии лоиҳаҳои ҷавонон дар барномаи Пешсаф

06 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон муаррифии лоиҳаҳои ҷавонон дар барномаи соҳибкории иҷтимоии Пешсафи Парки технологии ДДҲБСТ гузаронида шуд.
Дар муаррифии лоиҳаҳои ҷавонон ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов, мудири шуъбаи байналмилалӣ, дотсент Комилҷон Шарипов ва иштирокчиёни лоиҳа ширкат намуданд.
Бино ба иттилои Абдураҳмон Маҳмудов директори Парки технологии донишгоҳ ва ҳамоҳангсози барномаи Пешсаф давоми чор рӯз дар донишгоҳ семинари омӯзишӣ байни иштирокчиёни лоиҳаи Пешсаф доир гардида, ба иштирокчиёни лоиҳа маҳорати ҳамкорӣ, муошират, қобилияти таҳлилкунӣ ва хулосабарорӣ, эҷодкорӣ ва инноватсия омӯзонида шуд.
Дар натиҷаи семинари омӯзишии чоррӯза дар муаррифӣ, 11 даста лоиҳаҳои алоҳидаи омодакардаашонро пешниҳод намуданд. Мавзӯи лоиҳаҳои омодакардаи иштирокчиён пешгирии бемориҳои сироятӣ буд.

Муаррифии лоиҳаҳои ҷавонон тариқи онлайн аз ҷониби ҳайъати ҳакамон иборат аз намояндагони ширкатҳои РЕМ Консалгин, @GIZ (Олмон) Юрген Бурц, сарвари ташкилоти

TajRupt Азизджон Азими, директори ташкилоти Alif Academy Заррина Раҷабова ва ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баҳогузорӣ гардиданд. Аз рӯи баҳогузории ҳайъати ҳакамон дастаҳои фаъол барои амалӣ намудани лоиҳаҳои худ маблағгузорӣ мегарданд.
Ба иштирокчиёни фаъоли лоиҳаҳо Сертификати барномаи Пешсаф тақдим карда шуд.
Пешсаф бо мақсади ташаккул додани малакаҳои интиқолшаванда ва фароҳам овардани имконият, бо таваҷҷӯҳ ба ҷавонони фаъол тарҳрезӣ шудааст. Барномаи мазкур равишҳои пешрафтаро ба рушди ҷавонон ва наврасон бо навовариҳои иҷтимоӣ ва соҳибкории иҷтимоӣ омезиш медиҳад. Пешсаф ба ҷавонон имкон медиҳад, ки мушкилоти ҷомеаи худро муайян кунанд ва барои ҳалли онҳо роҳҳои ҳалли соҳибкориро эҷод созанд.
Барномаи Пешсаф (Upshift Tajikistan) дар ҳамкорӣ бо дафтари хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF Tajikistan) амалӣ гардида истодааст.
 
You might also like