ДДҲБСТ: Баргузории  семинари омӯзишии вилоятӣ дар мавзӯи “Рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ”

05 ноябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  семинари омӯзишии вилоятӣ дар мавзӯи “Рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар кори семинар як зумра мутахассиону намояндагони шуъбаи рушди сайёҳии МИҲД-и вилояту шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои сайёҳӣ иштирок ва баромад карданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода семинари вилоятиро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсади асосии сиёсати давлатӣ зери роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи сайёҳӣ ин таъмини шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили самарабахши субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имкониятро барои қонеъ гардонии талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасонии гуногун ва сифатнокии соҳа таъмин менамояд.

Дар идома, декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Мунира Акмалова дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, директори ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии Зарафшон” Ҷамшед Юсупов дар мавзӯи “Имкониятҳои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар вилоят”, ҳунарманди Кундалнигорӣ дар шаҳри Исфара Сулаймон Султонов дар мавзӯи “Тиҷоратикунонии молу маҳсулоти ҳунармандӣ тариқи онлайн-фурӯш” маърӯзаҳо ироа карданд.

Иброз шуд, ки шароити гуногуни табиӣ, мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро инкишоф дода, дар ғанӣ гардонидаи буҷаи давлат ва  беҳтар гардонидани некуаҳволии мардуми кишвар саҳми худро гузорем.

Боиси фараҳмандӣ ва сарфарозист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардидааст, чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ мунтазам гузаронида шуда истодааст, илова шуд дар идомаи семинар.

Дар пайи дастгириҳо ва имтиёзҳои пешбининамудаи Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии бахши хусусӣ барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ  ба маротиб зиёд гардид.

Семинари омӯзишии вилоятӣ дар мавзӯи “Рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ” бо саволу ҷавоб ва муҳокимаронӣ оид ба мавзӯҳои матраҳгашта ба интиҳо расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like