Баргузориии силсилачорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ДДҲБСТ
Ҳамасола санаи 6-уми ноябр дар мамлакат Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабиниҳои сиёсиву илмӣ ва тарбиявӣ баргузор гардиданд.
Дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2, конференсияи илмӣ-назариявии донишгоҳӣ таҳти унвони “Нақши Конститутсия дар ташаккули марҳилаи нави давлатдории Тоҷикистон” доир гардид. Зимни баргузории конференсия устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯҳои “Хусусиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Конститутсия-кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” ва “Танзими конститутсионӣ-ҳуқуқии институти моликияти зеҳнӣ дар ҶТ” маърӯза намуданд.
Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ бошад бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни факултетии “Донандагони беҳтарини Конститутсия” дар ду давр баргузор гардид. Даври аввали озмун санаи 30 октябри соли ҷорӣ миёни донишҷӯёни солҳои 1-4 баргузор гардид ва ғолибон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд. Ғолибон дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсия бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Ҳамчунин дар кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия доир гардид. Донишҷӯёну устодон дар мавриди таърихи Конститутсия ва моҳияти ин санади муқаддаст маърӯзаҳо ироа намуданд. Иброз шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон -қонуни асосии давлат, унсури асосии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.
Бо ҷалби занону бонувони фаъоли вилоят низ бахшида Рӯзи Конститутсия дар маҷлисгоҳи шӯрои олимони донишгоҳ мизи мудаввар доир гардид. Иштирокчиёни мизи гирд перомуни нақши Конститутсия дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзу гиромидошти ин санаи таърихӣ ва бахтномаи миллат иҳзори назар карданд.
Инчунин, махфили илмии донишҷӯёни «Ҳуқуқшиноси байналмилалӣ» таҳти мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон» аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ баргузор гардид.
Дар рафти кории маҳфили илмии кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ аз ҷониби донишҷӯён мавзӯҳои «Қонун – роҳнамои зиндагии мо», «День Конституции Республики Таджикистан один из главных национальных праздников страны», «Таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон », «The history of Constitution», «Таҷзияи ҳокимият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Первые Конституции, основы современной Конституции», «Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи иродаи халқи Тоҷикистон», «Поквиҷдонӣ ҳамчун унсури муҳими ҳуқуқии танзим ва татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ», «Правовая основа гражданина по конституции Республики Таджикистан», «Озодии фаъолияти соҳибкорӣ кафолати конститутсионии шаҳрванд», мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.
Дар факултетҳои бизнес ва идоракуниву молияи донишгоҳ низ чорабиниҳои илмию тарбиявӣ бахшида 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор гардиданд.
Дар ҷараёни чорабиниву маҳфилҳои илмӣ донишҷӯён бевосита дар мавзӯҳои вобаста ба Конститутсияи Ҷуҳурии Тоҷикистон таърихи пайдоиш ва маҳс оиди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон маърӯзаҳои илмӣ омода карда, баромад намуданд ва байни ҳам баҳсу мунозираҳои илмӣ доиркарданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
