ДДҲБСТ: Тамошои дастаҷамъонаи маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пирўзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб шуданашон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳи хоса баргузор гардид.

Хотиррасон менамоем, ки санаи 11 октябри соли равон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 90,2% овозҳои интихобкунандагон аз нав ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Маросими мазкур дар Қасри Миллат оғоз гардида, дар Кохи Сомони бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт ва дар майдони Дӯстии пойтахт бо савгандёдкунии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.

Дар ин маросим бо супурдани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шаҳодатнома ва  Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти навинтихоби кишвар  Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Сипас, Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дасти рост ба болои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд карданд.

Дар Кохи Сомони бустонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки расман ба марҳилаи нави роҳбарии давлат ворид шуданд, дар ҳузури   Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони бархе аз шаҳру вилоятҳо ва намоядагони аҳли ҷомеа суханронӣ намуданд.

Маросими савгандёдкунии Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар ба муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, савгандёдкунии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории паради ҳарбӣ бо иштироки 8 ҳазор афсарону сарбозон,  ки шомили сохторҳои гуногуни низмоӣ ва мақомоти қудратии кишвар мебошанд, анҷом ёфт.

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки  тавассути шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид, ҳайати устодону профессорон, кормандону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастҷамъона тамошо карданд.

Сарвари давлат  дар суханронии хеш ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ  барои  муҳаббату самимият ва  эътиқоду боварӣ  изҳори сипос намуданд. Сипас, оид ба нақшаҳои фаъолияти минбаъда, бахусус ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, густариши раванди саноатикунонии мамлакат, таъмини зиндагии шоиста ҳарф заданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи  иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда,  зикр карданд, ки ба баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.  Ҳамзамон,  идома додани ислоҳот дар соҳаи маориф ва минбаъд баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорро дар ҷомеа таъкид доштанд.

Ҷомеаи меҳнатӣ ва кулли устодону донишҷўёни донишгоҳ аз суханронии Сарвари давлат, ки муҳтавои он ба амалинамоии ҳадафҳои стратегӣ, созандагию бунёдкорӣ, таъмини сулҳу субот ва  ваҳдату сарҷамъӣ  равона гардидааст, илҳоми тоза гирифта, минбаъд низ бо меҳнати содиқонаю софдилона дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузоранд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like