Онлайн-мулоқот баҳри рушди ҳамкории дуҷониба

Рушду тақвият бахшидани робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Марказҳои илмии байналмилалӣ дар асоси шартномањои њамкорї заминаи роҳ ёфтан ба таҳсилоти ҷаҳонӣ мебошад.
Бо назардошти ин имрӯз 27 октябри соли равон бо мақсади густариши ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкант онлайн-мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов, мудири шуъбаи байналмилалӣ Комилҷон Шарипов, декани факултети ҳуқуқшиносӣ Шероз Тоҷибоев иштирок ва баромад карданд. Ҳамчунин ретори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкант Ҳакимов Раҳим Расулҷоновиҷ, муовини ректор Дилшод Умаров ва сардори раёсати байналмилалӣ Ойбек Ёқубов иштирок ва сухан карданд.
Сарони ҳарду донишгоҳ нахуст дар мавриди ҳамкориҳои дуҷонибаи ду давлати дӯсту бародар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳарф зада, густариши ҳамкориҳоро давоми солҳои охир истиқбол намуданд.
Бояд зикр намуд, ки онлайн мулоқот дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони дар бозори байналмилалии меҳнат рақобатпазир, табодули таҷриба дар роҳи ҳамкориҳои судманди макотиби олӣ, бахусус, такмили ихтисоси омузгорону донишҷӯён ва табодули донишљўён мусоидат менамояд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои ин ду донишгоҳ дар самтҳои мухталиф ривоҷ меёбад

.

You might also like