COVID-19 –мудҳиштарин вирус дар оғози садаи ХХI
Таҳти ин унвон дар кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биҳзес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи тарбиявӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш устодону донишҷӯёни кафедраи мазкур ширкат намуданд.
Дар ҷараёни конференсияи тарбиявӣ устодону донишҷӯён перомуни мавзӯҳои “Гигиенаи шахсӣ асоси саломатии инсон”, “Заминаҳои асосии пайдоиши COVID-19 ”, “Таъсири манфии COVID-19 ба соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ”, “Роҳҳои пешгирӣ аз гирифторӣ ба COVID-19 ” ва “Тадбирҳо ҷиҳати пешгирии COVID-19 дар ДДҲБСТ” маърӯзаҳо шунида шуд. Иброз гардид, ки ин беморӣ мансуби оилаи Коронавирусҳо буда, ҳамчун инфексияи зоонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст.
Дар мавриди тадбирҳо ҷиҳати пешгирии COVID-19 дар ДДҲБСТ қайд гардид, ки раёсати донишгоҳ бо мақсади пешгирӣ аз сироятёбии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ махсусан Коронавирус тамоми тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Дар анбори донишгоҳ навъҳои гуногуни маҳлулу моеҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои яккаратаву бисёркарата ва дигар ҷиҳозу маҳсулоти зарурии пешгирикунанда захира гардида, мавриди истифода қарор дорад. Ҳамарӯза толору долонҳои раёсат ва факултетҳои донишгоҳ бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ поккорӣ карда шуда, дар даромадгоҳҳо навбатдорон ба таври ҳамешагӣ ба тозаву озодагӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Ҳамчунин, дар кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири донишгоҳ дарси кушоди тарбиявӣ бо номи “COVID-19 вабои аср ” доир гардид. Зимни баргузории дарси кушоди тарбиявӣ аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми талаботи беҳдоштиро риоя намоянд ва барои дигарон иҷрои тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявиву Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро тавсия диҳанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



