Кабирӣ дар атрофи худ дузду қаллобонро ҷамъ кардааст

Дар ҳама давру замон ва миёни ҳама миллат хиёнаткорон вуҷуд доштанд, ки хиёнат ба Ватан, хиёнат ба амонати кас, хиёнат ба оилаи худ мекарданд.

Бори дигар зеҳни маро ба амали ноҷовонмардонаи  Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо кирдори  бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст чӣ гуна пайравӣ яке аз муридони Кабирӣ буданашро исбот кардааст, бетараф намонд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабутов Неъматулло Бадриддинович, Холов Сиёвуш Имомқулович ва Қаюмов Носиҳиддин Шарифович бо аризаи шикоятӣ нисбат ба кирдорҳои қаллобонаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович, санаи таваллудаш 15-уми майи соли 1978, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, муроҷиат карданд.

Баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон дод, ки Муҳаммадиқболи Садриддин моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифта, ваъда медиҳад, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12% фоида хоҳад дод.  Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.

Агар каме ба таърихи ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом назар афканем маълум мегардад, ки соли 1973 замоне, ки Иттиҳоди Шӯравии муқтадир бар пой буд дар 200-километрии ҷануби Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппа бо номи “Наҳзати ҷавонони исломихоҳ” як созмон ба таври ғайрирасмӣ таъсис ёфт, ки пас аз муддате бо номи Ҳизби наҳзати ислом дар саҳнаи сиёсии кишвар зоҳир шуд.

Бо манъ гардидани фаъолияти ҳизб дар кишвар Кабирӣ ҳамеша дар хориҷ даъвои ҳимоят ва пуштибонӣ аз наҳзат мекард ва ҳамаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилоташро интихоб ва ё андешаи аъзоёни ӯ медонист. Ҳар тадбире, ки ин ташкилоти тахрибкор амалӣ мекард онро Кабирӣ на балки андешаи шахсии худ, балки андешаи аъзоёну пайравони ТЭТ ҲНИ медонист. Ҳамеша Кабирӣ ҳизби наҳзатро ба хотири ислом дифоъ мекард ва бо ин ном ва ба хотири ҳимояву дифоъ аз ислом аз хоҷагони хориҷӣ маблағ меситонид.

Тасмими ахири Кабирӣ дар мавриди даст кашидан аз раҳбарии ТЭТ ҲНИ бори дигар собит намуд, ки Кабирӣ на парвои наҳзат ва ҳатто на парвои ислом дорад ва барояш на наҳзат ва на ислом ягон арзиш надоранд, балки барои ӯ аз кадом хоҷае бештар манфиат расад ӯ чамбаракашро ба сӯяш шитобон метобад.

Нуктаи назари дигар дар ин маврид мавҷуд аст, ки ҳанӯз бо ба сафи мухолифин пайвастани хоини миллат Алим Шерзамонов дар сари Кабирӣ андешаи таъсиси созмон ва ё паймони наве, ки дар он номи ислом набошад сар зад. Ниҳоят бо фитнаандозиву нафратгароӣ Шерзамонов тавонист Кабириро ҳамчун исломситез ва пойбанди пулу мол нишон диҳад. Гумон мекунем ва итминон дорем, ки акнун рӯзҳои сахт Кабирии динситези мазҳабфурӯшро дар пеш аст, зеро исломро Худованд аз чунин разилон ҳифозат мекунад ва ҳар кору пайкоре, ки пинҳону ошкоро мекунанд Худованд аз ӯ огоҳ аст.

Ҳамин тариқ, Садуридинов М.Қ. (Муҳаммадиқболи Садриддин) бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба назди хоини давлат фирор кардааст. Кабирӣ назди худ дузду муттаҳам ва ҷинояткорону авбошонро ҷамънамуда аз худ як лидери ҷинояткоронро сохтанӣ аст.

Маккориву разилии ин мард, канор надорад зўрӣ ва дастдарозӣ накарда бо роҳи зориву фитна пулҳоро аз худ карданаш кору бори шайтонист.

Каримова М.Т. – н.и.ф., дотсенти

 кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like