Чеҳраи манфури ТЭТ ҲНИ

Имрўзҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ўро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурўш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вақте, ки аъзои собиқ Ҳизби наҳзати ислом айни замон ТЭТ ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми  Тоҷикистонро осуда зиндаги кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрўю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст кардан мехоҳад. Ў бо аъзоёни ба ном Ҳизби назҳати исломӣ аммо дар асл ташкилоти террористӣ солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғўшта карда буданд.

Маротибаи дуюм Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш моҳи сентябри 2015 кўшиш карданд, ки Тоҷикистони гул-гул шикуфта истодаро ба хоку хун оғўшта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хубӣ шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.

Мақсад аз изҳороти пай дар пайи аъзо ва раҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ) аз он иборат аст, ки хиёнаткору хиёнатпеша ва зиндониёни наҳзатиро гунаҳкор наҳисобида, танҳо аз давлату миллати тоҷик интиқод кунанд, ки «Тоҷикистон имрўз ба яке аз бадтарин кишварҳои худкома ва саркўбгар на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон мубаддал гаштааст». Дар ҳоле ки ҳамагон медонанд ва ба хубӣ огаҳанд, ки пайравони наҳзат ҳамеша бо кишварҳои кўмаккунанда дар робита буда, то замони ба ҷиноят даст задан худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд, вале баъди ҷинояткориҳо ошкор шудан ва ба панҷаи қонун гирифтор гардидан бо интишори баёнияҳо худро бегуноҳ меҳисобанд.

То ҳол роҳбарону ҳамсафони наҳзат дўсти қарини афроди ҷинояткор буданд, аммо пас аз содир кардани амалҳои зиддидавлатӣ бегуноҳанд магар? Ин як намуд худсафедкунии наҳзатиҳо мебошад. Ба андешаи ғалати онҳо гўё, «бо истифода аз вазъияти ноороми ҷаҳон ва бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ, садҳо фаъоли сиёсӣ ва мунтақидони сиёсати истибдодиро фишор ва ҳабсу шиканҷа карда, ҳизби умдаи мухолиф – ТЭТ ҲНИ-ро саркўб ва тамоми анвои озодиҳоро ба шиддат маҳдуд карданд». Интиқод ва пешниҳоди ТЭТ  ҲНИ ҳамеша сўзанда ва барои заминмагузории  зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа равона шудааст. Инро ТЭТ ҲНИ вазифаи  ҷонии худ медонад ва дар оянда ҳам ин мавқеи сўзандаро ҳифз хоҳад кард.

Дар гузашта ва ҳоло низ андешаҳое дар расонаҳо матраҳ гардида асоснок шудаанд, ки аз ҷониби ҳамин гуна пайравони ТЭТ ҲНИ таҳдидҳо ба ҷомеа ва давлату миллати тоҷик ҷой дошт. Аз ҷумла, роҳбарият ва сатҳи болоии ҳизб мавқеҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқегирӣ ва тафсирҳои авомонаву муғризонаи раёсати шўрои фирории ТЭТ ҲНИ мухолиф ба арзишҳои демократӣ ва гуногунандешӣ мебошад. Зеро мавқеи интиқодии наҳзат хусусияти динӣ дорад ва ҳамеша мухолифи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ аст.

Ҳангоме узви Ҳизби мамнўи наҳзати исломӣ ба ҷиноят муттаҳам мешавад ва ба таъсиси гурўҳи ифротгарову терроризм оварда мерасонад, наҳзатиҳои фирорӣ бечоранолиро сар мекунанду сарзаниши худро ба таври дигар баҳо медиҳад, ки «дарҷи номи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ТЭТ ҲНИ дар листи Интерпол, як шармандагӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус ба ин ниҳоди байналмилалӣ аст. Зеро тамоми иттиҳомот алайҳи ў беасос, сохта ва бо ангезаи сиёсӣ ҳастанд ва он ҳам аз тарафи як ҳукумати худкома». Раҳбарияти ТЭТ ТЭТ ҲНИ вазъияти кишварро бад карда, бо тарҳрезии  ҳодисаҳои ғайричашмдошт мардумро мехост гумроҳ намояд. Акнун бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир мисли ҳамеша омода аст, ки дар рўзҳои сахту тақдирсоз барои миллат нақшаи разилонаро амалӣ созад ва манфиатҳои миллии мардум ва давлати тоҷиконро зери по гузорад.

Айни замон аъзои ТЭТ ҲНИ хиёнаткориҳои роҳбараш Муҳиддин Кабириро дарк намуда, баҳри ҳимояи ў роҳҳои гуногунро пеша карда, ҷалби рўҳониён ва рўзноманигорон, наҳзатиён ва хоҷагони хориҷиро ба роҳ монда, дар хориҷи кишвар нишасту вохўриҳо мегузаронанд, то мардумро гирди хеш хонанд. Нигарониҳои пайравони ТЭТ ТЭТ ҲНИ аз он далолат медиҳад, онҳо фикри обрўю нуфузи худро намудаанд, ки ба манфиатҳои сиёсии худ ва роҳбари фирориашон бисёр латма задааст. Баҳри нигоҳ доштани мавқеи хеш чунин баёнияҳои бемазмунро ироа дошта, мекўшанд гунаҳкорони ифротгарои наҳзатиро ҳимоят кунанд. Аммо намедонанд, ки халқи тоҷик кайҳо аз фаъолияти тахрибкоронаи роҳбарият ва ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ огоҳ ҳаст. Хуб мешуд, агар роҳбарият ва аъзои гурезаи Ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ аз фитнасозиву дасисабозиҳо даст кашида, мардуми тоҷикро ба ҳоли худ гузоранд. Маълум аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бояд аз чеҳраи манфури ин ташкилоту аъзоёнаш ва аҳдофи муғризонаи онҳо воқеан огоҳ бошанд, фирефтаи нолишҳои дуруғини онҳо набошанд.

Тўхтаев Т.М. – н.и.и., дотсент, мудири

 кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

You might also like