Гапи ду мухолиф дар ниқоби озодӣ
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.
Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфт.
Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои мустақили минтақаи Осиёи Марказӣ, фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омад ва дар байни мардум бештар равияҳои гуногуни динӣ рӯ ба афзоиш ёфт.
Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт.
Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд.
Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Ҳар яке аз ин шаклҳо дорои хусусияти худ мебошад, аммо онҳоро зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, бераҳмона, ки ҳадафи равшан надорад, бо ҳам мепайвандад.
Амалиётҳои сиёсии экстремизм дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ оғоз шуда ва дар шаклҳои хавфноки иҷтимоӣ чун шӯриш, тазоҳурот, фаъолияти исёнгарона ва терроризм хотима меёбад.
Радиои озодӣ бо як барномаи “Гапи озод” рӯзи гузашта мусоҳибаи ду нафар мухолифини давлату миллати моро, аз ҷумла Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабириро ба намоиш гузошт. Дар давоми 1 соати баромад, ки онҳо ба саволҳои Радиои озодӣ ва ҳамдигар ҷавоб доданд, ранги пешин фақат ва фақат таҳқиру туҳмат аст. Барномаи мазкур дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ доир гардида истодааст, ки мақсади ташкилкунандагони он номуайян боқӣ мемонад.
Муллоҷонова Н. – сармуаллимаи кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ