Демократияи Кабирӣ чи гуна бошад?

Бо вуҷуди вазъи мӯътадили иҷтимоию сиёсӣ дар ҷомеаи мо мухолифини фирорӣ Муҳиддин Кабирӣ ва дастпарварони ӯ Саддридин Муҳаммадиқбол ва Шарофиддин Гадоев ба мисли як зоғи сиёҳ ба қалби одамон тарсу ҳарос коштанианд. М.Кабирӣ дар муроҷиати видеоӣ ҳамагонро ба шикаст додани ҳокимияти кунинии кишвар даъват менамояд. Бо ин суханон ба рафти Интихоботи пешистода тухми кинаву адоват ва душманиро пошида, сулҳи кишвари моро аз байн бурданист. Инчунин “болои сўхта- намакоб” гуфтагӣ барин, болои дарду алами одамизод нисбати паҳншавии COVID-19 ҳокимияти амалкунандаро дар марги одамон айбдор карданӣ аст. Болои бадбахтии мардум бо муроҷиатҳои бардурўғу беасоси худ машҳур шуданист. Дар ҳақиқат, кирдори ифротгарон масъалаи имондории онҳоро низ зери шубҳа мегузорад. Бандаи муъмин наметавонад бар ивази куштори дигарон барои хеш савоб гирад  ё шаҳид шуда ба биҳишт равад.

Аз суханҳои Муҳиддин Кабирӣ  кас ба хулосае меояд, ки ў нисбати Ватани худ нафрат дорад, ба ҷои суханҳои нек нисбати зодгоҳ ва ҳамватанон маълумотҳое, ки асли воқеӣ надоранд, паҳн менамояд.  Барои чӣ мо ба ў бовар кунему ба гуфтаҳои ў кор кунем. Ҳеҷ гоҳ! Ба нафароне, ки солҳои 90-ум дар Ватани хеш бесарусомониҳои мекарданд, бовар кардан нашояд. Онҳо хиёнаткор ҳастанд.

Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.

Дар Тоҷикистон заминаҳои бунёдии ташкил ва баргузории интихоботи озоду демократӣ вуҷуд дорад. Ҷумҳурӣ дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодии шаҳрвандон дар солҳои соҳибистиқлолӣ қадамҳои устувор гузоштааст. Одамон дар интихобот иштирок намуда, ҳокимиятро ташкил менамоянд ва бо ин амал фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд. Соҳибихтиёрии фард ҳангоми интихобот равшан мегардад. Ҳангоми интихобнамоӣ набояд касе ё чизе, ба мисли М.Кабирӣ, ба одамон таъсир бахшад ё онҳоро маҷбур созаду фишор оварад. Ин поймол кардани ҳуқуқи мо мебошад.

Дар интихоботи президентӣ халқи Тоҷикистон номзади арзандатаринро интихоб намуда, дар роҳи созандагию ободкорӣ ва рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Азимова Н.С.мудири кафедраи фанҳои

 риёзӣ ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like