Хурӯҷи амалҳои иғвогарона аз ҷониби хоинон
Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшанд. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеч гоҳ намебахшад. Зеро Ватану ватандорӣ ва Ҳукумат ба он вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандон аст. Ӯ бошад хоини миллат ва ватанфуруш аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дуруғу фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо паҳн мекунад.
Маҷороҷуии навбатии ў дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА ба вуқуъ омад. Аслан ТЭТ ҲНИ ва ташкилкунандаи онҳо ҳеч вақт ба фоидаи мардум кор накардааст. Доим мухолифи давлат астанд. Онҳо ҳамеша барои мақсади нопоки худ кор мекунанд. Имрӯз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардид. Онҳо ягон нияти нек надоранд. Имруз онхо бозичаи хориҷиён гардидаанд. Аз вақте, ки аъзои собиқ наҳзат айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу Ватани худ хиёнат карданро сар кардааст Муҳиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обруи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дуруғу бемаъниаш дар арсаи чаҳон паст кардан мехоҳад. Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилї ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеъи худро боз ҳам таҳким мебахшад. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарузӣ ва шуҷоати каҳрамонии Асосгузори сулху вахдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имруз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбї мегардад. Ва имруз он дасисабозҳои хоинони миллат, ки нисбати халқи мо мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд.
Тавре ҳамаи мо иттилоъ дорем собиқ Раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Муҳиддин Кабирӣ чанд маротиба аст, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ гӯё гуфтугӯи рӯ ба рӯ анҷом дода истодааст. Кабирӣ дар суханронии навбатиаш ки дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА гузашт бо кушиши ноком нишон додани фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон, ғайридемократӣ баргузор шудани интихоботи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистонро кард, ки ин суханҳо албатта асоси воқеӣ надоранд. Умуман суханрониҳои М. Кабирӣ баръало эҳсос мешавад, ки ҳадафи аслии ӯ ҷоҳталабӣ, иғвогариву тафриқаандозӣ байни мардум, ва паст намудани нуфузи Тоҷикистони демократӣ дар арсаи байналхалқӣ мебошад. Ӯ мехоҳад таҷрибаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳандозӣ кардаи Ҳизби Наҳзати Исломиро бори дигар идома дода, барои мардумро гумроҳ кардан саъю талош варзад.
Бобоев А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ