Истиқлолият – рамзи  саодати миллат

Боиси хурсандист, ки пиру барнои кишварамон имсол ҷашни фархундаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо рўҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Ба муносибати солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи ҳатмии талаботи беҳдоштӣ дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дарсҳои тарбиявиву соатҳои кураторӣ, мизҳои мудаввар ва вохӯриву мулоқоти судманд доир гардиданд. Дар чорабиниҳои доиргардида, перомуни мавзӯҳои “Истиқлолият -рамзи саодати миллат”,“Аз Истиқлолият то ваҳдат”, “Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дурнамои рушди Тоҷикистон”, “Истиқлолият неъмати бебаҳо” сухан рафт.

Зимни баргузории чорабиниҳо  қайд гардид, ки ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерўи тавонбахши ҳаёт мебошад.

Ҳамчунин дар чорабиниҳо устодону донишҷӯён баромад намуда, иброз карданд, ки мо дар шароити ҷаҳонишаваии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир рисолати ҳар фарди ватандӯст обод намудани Тоҷикистони азизамон мебошад.

Ҳадафи баргузории чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани ҳисси хештаншиносии донишҷӯён, арҷгузорӣ ба муқаддасоти милливу давлатӣ ва гирмидошти Истиқлолият  мебошад.

You might also like