«Бемори»-и Кабирӣ авҷ гирифта истодааст!
Хушбахтона, имрўз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки дар масъалаи ҳушёр будан аз хоинон ва душманони миллат, ки нияти сарнагун кардани миллати тоҷикро доранд, эҳтиёткор бошем.
Муҳиддин Кабирӣ созмондиҳандаи асосии ҳодисаҳои нангини солҳои пешин дар кишвар, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Аврупо умр ба сар мебарад, мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар нимароҳ монда худ фирор кард. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Акнун дар хориҷии кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ кушиши молиявӣ гирифта, мехоҳад боз фазои кишварро тира кунад ва ҳамчун як муҳра ба манфиатҳои бегонагон хизмат менамояд.
Дар арафаи интихоботи пешистода “бемори”-и ў шадидтар шуда истодааст. Кабирӣ нашармида нисбати давлату Ҳукумати Тоҷикистон носазо мегӯянд ва бо дурӯғу дасиса худро мазлум нишон дода, мехоҳад дар Аврупо паноҳ барад ва беҷазо монад. Дар яке аз мулоқотҳо бо Талгат Мамирайимов хабаргузори сомнаи Осиёи Марказии “Платон.азия” гуфтааст, ки: “Мо 5 сол инҷониб дар Тоҷикистон қарор надорем, вале доим ба Эмомали Раҳмон халал мерасонем”.
Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани Пешвои муаззами мо ҳавола мекунад. Гўё бегуноҳ ҳастанду, Эмомалӣ Раҳмон коре надоранд ва фақат аз пайи Кабирӣ мебошанд. Инчунин фаъолияти Пешвои миллатро танқиду тўҳмат менамояд. Фаъолияти ин нафарон ба созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил мебошад, ки мақсад аз тарғиботи фикрҳои ғайриқонунӣ ва беасос тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ аст.
Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ эмин буда наметавонад. Лекин бо сарварии шахсияти маъруфу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалии Раҳмон халқи заҳматкаши тоҷик рўзҳои сангинро паси сар карда, имрўз дар Тоҷикистони ободу зебо зиндагӣ дорад. Мутаасифона душманони халқу давлати тоҷик, ки хоинони миллатанд мехоҳанд бо ҳар гуна роҳу усулҳо нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо афкори ҷомеаи ҷаҳони имрўзаро вайрон созанд. Аз дур истода иттилооти дурўғ медиҳанд, нисбати интихоботи пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иғвоандозӣ менамоянд, ки мақсади онҳо ивази сарвари давлат аст. Вале халқи тоҷик кўр нест ва худ дида истодааст, ки саҳми Пешвои миллат дар рушди кишвар чӣ гуна аст.
Кафолати амнияти мо аз суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Аз ҳама муҳим дар ҷаҳони пуртазоди имрўза ҳифз намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳуввияти таърихӣ ва арзишҳои миллӣ вазифаҳое ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо ба пойдории Тоҷикистони азизи мо мусоидат мекунанд.
Мо устодон, ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамоем. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт. Имрўз ў тўҳматчигиро пеша кардааст.
Имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалу ҳаракатҳои ғайриинсониву экстремистии ин гурўҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Ва мо имрўз ба ин хоинони Ватан ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва дигарон гуфтани ҳастем, ки мо мардуми тоҷик барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Мо ҳаракат мекунем, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро бо гапҳои бардурўғ ғуборолуд созад.
Кӯшиш менамоем, ки донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбанд ва мутахассиси соҳаи худ шуда, хизмати ватанро адо намоянд ва шукронаи давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро баҷо оранд.
Мо ояндаи хешро бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дидан мехоҳем!
Азимова Н.С. – н.и.п., дотсент,
мудири кафедраи фанҳои риёзӣ ва
табиатшиносии муосири ДДҲБСТ