Хуни ноҳақи Н.Ҳувайдуллоев ба сари наҳзату Кабирӣ аст!
24 августи соли 1992 аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев дар авҷи даргириҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Ин қазия яке аз саҳнаҳои фоҷианок ва даҳшатафкани ҷанги таҳмилӣ буд, ки ба афкори умум бетаъсир намонд.
Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба куштори Нурулло Ҳувайдуллоев бо моддаи 63, қ.3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Акти террористӣ» парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Дар натиҷаи бурдани тафтишоти пешакӣ муайян шуд, ки Прокурори генералии кишвар Нурулло Ҳувайдуллоев аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ: Раҳимбек Нуруллобеков ва Давлатбек Маҳмудов бо супориши бевоситаи роҳбарони ин ташкилоти террористӣ ба қатл расонда шудааст. Ҷинояткорон аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ сари вақт дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Аз он замони пурфоҷиа яъне қатли ноҷавонмардонаи Н.Ҳувайдуллоев 28 сол мегузарад, аммо хотироти он рӯзҳои мудҳиш то ҳанӯз дар зеҳни аҳли ҷомеаи мо боқист. Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки Н.Ҳувайдуллоевро дар кишвар чун як тан аз бунёдгузорони Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон мешиносанд. Ҳамагон, бавижа, насли калонсоли кишвар хуб медонанд, ки марди ҷасуру ҳақиқатпараст ва адолатпарвар буд. Дар рӯзҳои тақдирсозу вазнин ва ҳассостарини таърихи навини миллат вазифаи ниҳоят пурмасъулиятеро ба зимма дошт ва то вопасин лаҳзаҳои зиндагии хеш барои таъмини волоияти қонун ва зиндагии осоиштаи мардум хидмат кард ва дар ин роҳ, ҳатто ҷони худро дареғ надошт. Нурулло Ҳувайдуллоев дар роҳи ҳифзи адолат матин ва устувор буд. Ӯро тарсондан имкон надошт. Барои ҳамин ҳам мавсуфро дар ҷумҳурӣ ҳамчун инсони поквиҷдон, ростқавлу росткор ва принсипнок, ҳуқуқшиноси соҳибтаҷриба, ҷасуру қавиирода, дилсӯзи Ватан мешинохтанду эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Хислатҳои наҷибу ибратбахш ва аъмоли қонунмадоронааш сабаби вирди забонҳо шудани номи нек ва ба дилҳо роҳ ёфтани ӯ гардида буд.
Марҳум яке аз муаллифони лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои ҳаётан муҳими кишвари мо, ҳамзамон, ҳомӣ ва ҷонибдори пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёди тоҷик ба шумор мерафт.
Ба гумони мо дар пушти ин қазия роҳбарияти кунунии наҳзат меистад. Бар асоси далелу мадракҳои тасдиқшуда метавон бо камоли итминон гуфт, ки дар пушти ин моҷаро ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат меистад. Террористони ҳизби наҳзат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири ба вуҷуд овардани бесарусомониву даҳшатафканӣ ва ҳараҷу мараҷ дар ҷомеа ҷиноятҳои зиёде содир карда, қабл аз ҳама афродеро ҳадаф қарор доданд, ки масъули риояти тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун буданд. Он ҷинояткорон чунин ашхосро душмани асосии худ дониста, бо таҳрики неруҳои муайяни тафриқаангез дар паи ҷисман аз байн бурдани онҳо буданд.
Қатли устод бо дасти ҷиноятпешагони террористи наҳзатӣ қатли қонун, адолату инсоф ва ҳақиқат буд. Имрӯзҳо ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ ва пайравони он дар Аврупо худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсону арзишҳои демократия ва ҷонибдори адолати иҷтимоӣ нишон додан мехоҳанд.
Ман аз риёкориву дурӯғгӯиҳои саркардагони ҷиноятпешаи ин ташкилоти террористии наҳзатӣ, ки дар Аврупо бидуни ҳеҷ хиҷолате феълан аз ҳуқуқи инсону арзишҳои демократия, волоияти қонуну ҳақиқату адолат ҳарф мезананд шигифтзада мешавам. Ин “ҳомиён” ва “ҷонибдорон” – и адолати иҷтимоӣ ҳамонҳоеанд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳуқуқи инсону волоияти қонунро дар кишвари тозаистиқлоли мо аз байн бурда, беш аз 150 ҳазор нафарро ба қатл расонданд. Мусибате, ки онҳо ба сари мардуми тоҷик овардаанд, дар дафтари таърихи миллат ҳамчун фаҷеътарин ҳаводис дарҷ шудааст. Наҳзатиёни хиёнаткори фирорӣ феълан дар ҳар куҷо ва бо ҳар шакле, ки чеҳранамоӣ накунанд, боз ҳам симои манфур ва мардумситезонаи онҳоро мардуми тоҷик хуб мешиносад ва дигар ҳаргиз фиреби ин дасисакоронро нахоҳад хӯрд.