Баланд бардоштани савияи тафаккури ҷавонон!

Истифодаи васеи сомонаҳои иҷтимоӣ, ки бо баробари аҳамият доштан ба донишу пурдонӣ ва малакаю касбияти ҷомеъа ба коста шудани ахлоқи онҳо боис мешавад, яке аз сабабҳои таъсири манфӣ ба маънавиёту ахлоқ шуда метавонад. Имрўзҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон бештар истифодаи васеъи сомонаҳои иҷтимоӣ, ки низ ба рафтору кирдори онҳо таъсири манфӣ расонида, ахлоқи ҷавонон коста мегардад ва эҳтимолияти шомил шудани онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгар боло меравад.

Дар радифи дигар сомонаҳои иҷтимоӣ, ки дар ҷомеа ба паҳн намудани хабару овозаҳои беасос машғул мегарданд метавон сомонаҳои www.akhbor.com  ва nahzat.ruро қайд намуд. Дар кулли маводҳое, ки сомонаҳои номбурда   паҳн менамоянд асоси воқеӣ дида нашуда, хусусан дар давраи хуруҷи бемории коронавирус маводҳои боз ҳам бе асосу талқаангез чоп менамоянд. Амсоли ин,  маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон – намояндагони мардумӣ ба маҷлисҳои маҳаллию вилоятӣ ва порлумони кишвар, ки санаи якуми марти соли равон сурат гирифт, пушти сар шуд. Метавон гуфт, ки он дар фазои осуда ва тинҷу ором ҷараён гирифт. Аз чи бошад, ки ҷараёни осоишта ба наҳзатиён нафорид, ки нафорид. Боз дасту остин барзада, дар ҳақи мардуми тоҷик, роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҳар гуна ҳарзаю буҳтон бофтаю  иброз намуданд. Фазои орому осудаи кишвар ба чашми намояндагони ин ҳизб чун хор мехалад. Ин аст, ки дар хориҷ ҳам бо ҳар роҳ, ва ҳам бо ҳар баҳона мекўшанд, ҷониби диёри тоҷикон ва мардуми он санг партоянд. Интихоботро дастак намуда, хеле ҳарзаю баёнияҳои дурўғинро бори дигар баён доштанд.

Афсўс, таърихро фаромўш намудаву  сарфи назар кардан дар шароити кунунӣ барои бархе аз ҷоҳу ҷалолхоҳон, мисли наҳзатиён гўё расм шудаю ба ҳукми анъана даромадааст. Наҳзатиён фаромўш кардаанд, ки оғози солҳои навдуми асри гузашта, маҳз ба айби онҳо мардуми тоҷик ба  гирдоби фоҷиаи фалокатбор – ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанги хонумонсўз чӣ чиз ба бор овард, ҳамагон медонем. Инро танҳо наҳзатиҳо аз лавҳи хотир рўфтаанд. Ҳатто ба ёд овардан намехоҳанд, ки ҳамагӣ панҷ сол пеш бо дасисию  талоши онҳо қариб буд, ки кишвар дубора ба гирдоби хунрезию бесарусомониҳо  кашида шавад. мекўшанд симои ҳақиқии худро паси парда кашанд. Кунун худро мусачаи бегуноҳ тарошида, чӣ гапҳое, ки намегўянд?! Боз дасисакорӣ. Ин ҳам бошад бо воситаи сомонаҳо. Ин гуфтаҳо исботи он аст, ки бархе аз сомонаҳои иҷтимоӣ ба монанди www.akhbor.com  ва nahzat.ru бо хабарҳои бардурўғ мардумро ба иштибоҳ мебаранд, барои ҳамин ҳам мо бояд дар вақти истифода бурдан аз сомонаҳои иҷтимоӣ ба дурустии ахборот аҳамият диҳем.

Чи хеле, ки дар паёми соли равон Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президента Чумхурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медиҳанд, ки «ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароита торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани бўҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Имрўз Тоҷикисгон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздак ба ватани мо низ тахдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми киншари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернета ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсата пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интақом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кўдакон, ҳамдиёрону ҳамватанони худ. Вазифа меистад, ки шахсони масъул, шўъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимията давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аминони маҳаллаҳо, зиёиён бояд ба мардум фаҳмонем, ки аз Худо битарсанд ва ба даъвати душманону хоинон бовар накунанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурўшони зархариданд, ки имрўз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурўғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.

Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба наели ҷавон ва наврас тарзи ҳаёта содам, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вакта холӣ фурсат наёбанд.

Бештар ба забон омўзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурўғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳод нест. Ҳама ншорҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофата исломӣ тарғиб менамоянд, дурўғи маҳз аст.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттахдд, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кўншшро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба наели наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу хдмояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накўкорист.

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдата миллӣ- Пешвои миллат, Президента Ҷумхурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулху суботи кишвар мебошем.

Изҳороти Раҳимова Н.Ш. – сармуаллимаи

кафедраи молия ва карзи ДДҲБСТ

You might also like