Силсилачорабиниҳо дар доираи Ҳафтаи кафедра

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва 5500-солагии Саразми бостонӣ, Ҳафтаи кафедраи менеҷменти факултети бизнес ва идоракунӣ таҳти унвони “Иқтисодиёти рақамӣ таҳкимбахши идоракунӣ ва истеҳсолот” оғоз гардид.

Дар доираи Ҳафтаи кафедраи менеҷмент чорабиниҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявию варзишӣ ба нақша гирифта шуда, дирӯз дарси кушоди лексионии сармуаллимаи кафедраи мазкур Шифоатхон Шарипова аз фанни идоракунии иҷтимоӣ – иқтисодӣ таҳти мавзӯи “Маданияти муттаҳидӣ (коллективӣ) дар муносибатҳои идоракунӣ” бо донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси идораи давлатӣ доир гардид. Ҳангоми дарси кушоди лексионӣ омӯзгор тарзи салоҳиятноки таълимро пурра истифода бурда, мақсаду мароми мавзӯъро ба донишҷӯён пурра фаҳмонид.

Зимни суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф ва зиёиёни эҷодкор оиди рушду тақвияти пояҳои илми тоҷик ва ба сатҳу сифати нави таълиму тарбия гузаштани муассисаҳои илмиву таълимиро ёдовар шуданд. Баҳри амалисозии дастуру супоришҳои давлату ҳукумат, устодону омӯзгорони донишгоҳ низ дар раванди машғулиятҳои таълимӣ аз воситаҳои техникӣ пурра истифода мебаранд. Аз ҷумла дар доираи Ҳафтаи кафедраи менеҷмент дарси кушоди онлайнии н.и.и., сармуаллими кафедраи мазкур Фурқат Шамсиев аз фанни идоракунии ходимон зери мавзӯи “Усулҳои баҳодиҳии ходимони ташкилот” бо донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси менеҷменти молиявӣ доир гашт. Зимни машғулияти кушоди онлайнӣ мазмуну мӯҳтавои дарси мазкур бо истифода аз воситаҳои муосири техникӣ, ба мисоли компютер, тахтаи электронӣ ва слайдҳо намоиш дода шуд.

Баҳри тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонону донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву ифротгароӣ, нашъамандӣ ва дури ҷустан аз корҳои ношоиста вохӯрии кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯёни факултети бизнес ва идоркунӣ таҳти унвони “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд – кафили осоиштагӣ ва рушди босуботи ҷомеа” ва мусобиқаи варзишии навъи волейбол байни донишҷӯписарон ва донишҷӯдухтарони курсҳои аввали ихтисосҳои менеҷмент ва идораи давлатӣ баргузор гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like