Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи ДДҲБСТ

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» устодону донишҷӯёни  факултети инноватсия ва телекоммуникатсияро ба ҳам овард. Барои ииштирок дар озмуни мазкур аз ҳама кафедраҳо донишҷӯён дар наминатсияҳои гуногун донишу маҳорати худро санҷиданд.Намояндагони раёсати донишгоҳ ва садорати факултети мазкур ба иштирокчиён баҳогузорӣ карданд. Иштирокчиён асосан аз рӯйи номинатсияҳои  адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон  ва азёд хондани порчаҳои назмӣ дар озмун маҳораташонро нишон доданд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар баргузор мегардад.

Озмуни мазкур имконият медиҳад, ки муҳассилин донишашонро такмил дода, ба китобхониву азхуд кардани осори бузургон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд. Дар дигар факултетҳои донишгоҳ озмуни мазкур доир хоҳад шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like