«Тоҷикистон – ватани азизи ман!»
Таҳти ин ном Озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти истеъдодҳои нав ва эҷоди асарҳои тоза бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати тоҷикистон доир гардида истодааст.
Дар факултетҳои ҳуқуқшиносӣ ва молияи донишгоҳ озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯёни факултетҳо иштирок намуданд. Озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровии беҳтарин гузаронида шуда, иштирокчиён маҳорату малакаи хешро нишон доданд.
Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ буда, дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта мешаванд. Баргузории озмуни мазкур дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ дар назар аст.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа











