Густариши робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ дар раванди таълим

Субҳи  имрӯз, санаи 11 апрели соли 2020 дар Маркази омӯзиши Аврупоии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вебинар-онлайн лексия барои донишҷӯёни курси 1 ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ доир гардид. Мавзӯи вебенар “Вазъи кунунии иқтисодиёти Амрико” унвон дошта, аз ҷониби  сармуаллими  Донишгоҳи давлатии Метрополитен дар шаҳри Денвери ИМА, хатмкардаи  ДДҲБСТ Азиз Вахобов бо истифодаи барномаи Zoom ташкил карда шуд. Ин чорабиниро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Бобоҷонов Д.Д. оғоз намуда, аз номи раёсати донишгоҳ, кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ ва ташкилкунандагони чорабинии мазкур – шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба Вахобов А. арзи сипос кард.

Дар чорабинии мазкур мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ, н.и.и., дотсент Тошматова М., дотсент Аминов Д., дотсент Алиҷонова С., сармуаллима Абдуллоева А. ва  донишҷӯёни курси 1 ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ ширкат варзиданд. Дар рафти онлайн-вебинар масъалаҳои бӯҳронии ҷаҳони  муосир ва таъсири он ба иқтисодиёти ИМА баррасӣ гардиданд. Дар ҷараёни баргузории онлайн-вебинар донишҷӯён ба  Вахобов А. оиди мавзӯъ саволҳо дода ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин онлайн вебинарҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва пайдо намудани робита бо мутахассисони баландпояи  хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like