ДДҲБСТ: Омодагӣ баҳри пешгирии Коронавирус

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сироятёбии ҳаргуна бемориҳои сироятӣ махсусан Коронавирус тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар анбори донишгоҳ навъҳои гуногуни маҳлулу моеҳои зиддивирусӣ, ниқобҳои яккаратаву бисёркарата ва дигар ҷиҳозу маҳсулоти зарурии пешгирикунанда  захира гардида, мавриди истифода қарор дорад. Ҳамарӯза толору долонҳои раёсат ва факултетҳои донишгоҳ бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ поккорӣ карда шуда, дар даромадгоҳҳо навбатдорон ба таври ҳамешагӣ ба тозаву озодагӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Дар ин замина ҳамчунин барои ҷавондутарон бо супориши ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар хобгоҳи донишгоҳ шароит муҳайё гардидааст, ки онҳо  дар доираи маҳфили доимоамалкунандаи “Ганҷинаи ҳунар”метавонанд дар вақтҳои фориғӣ ба дӯхтани ниқобҳои яккаратаву бисёркарата машғул гарданд. Ашёи хом, маҳсулот барои омода намудани ниқобҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ пурра таъмин гардидидааст. Тарҳ ва навъи ниқоб аз тарафи мутахассисони факултетҳои донишгоҳ бо назардошти меъёрҳои стандартӣ кашида шуда, бо ҷалби мутахассисон ва донишҷӯён ба роҳ монда шудааст.

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар ҳолати зарурӣ бо ниқобҳои дӯхтаи духтарони хобгоҳ кормандон ва донишҷӯёни худро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намояд. Ҳамарӯза 10-15 нафар духтарон пас аз дарс дар вақтҳои фориғӣ ба ниқобдӯзӣ машғул мегарданд.  

Барои дӯхтани ниқобҳо асосан маҳсулоти пахтагини истеҳсоли ватанӣ, истифода бурда мешаванд. То имрӯз зиёда 1000 адад ниқобҳои тиббӣ омода карда шудаанд. Дар назар аст, ки ҳаҷми истеҳсол зиёд карда шуда, ба дигар муассисаҳои иҷтимоӣ низ ниқобҳои тиббӣ  пешниҳод  карда шаванд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like