Сӯиқасди сохтаи наҳзат
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гўшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрўзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмиллалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рў ба рў омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рўй намегардонад.
Дар воқеъ имрўзҳо ташкилотҳои террористӣ бо истифодаи дастгоҳи муосири иттилоотӣ дар мафкураи одамони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, ҷиҳати барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.
«Сўиқасде»-, ки дар таърихи 16 март ба Илҳом Яқубов ба амал омад, ин «сахначаи ҳаҷвӣ» – и ПМТ мебошад. Аъзоёни ин созмон мехоҳанд, ки
- Вазъи кишвар ноором бошад;
- Ҳукумати кишварро сиёҳ кунанд;
- Диққати ҷамъиятро ба худ ҷалб намоянд;
- Ба гурўҳи худ нафарони сустиродаро ҳамроҳ кунанд.
Ба як марди ҷисман обутобёфта магар айб нест, ки аз «сўиқасд» шикоят кунад. Ба амалҳои ҷавонмардона, ки қодир нестанд, пас бо воситаи интернет «ҷанги иттилоотӣ» оғоз мекунанд. Бе ин дасисаҳо ҳам дар ҷаҳон воқеаҳои мудҳиш мерасанд.
Инсони комил, худотарсу нексиришт, ватандўсту марди ҳақиқӣ бояд аз паи тарбияи фарзандон, обод намудани маҳаллу хонаи хеш бошад, то ин ки аз пайи иғво андозиву вайронкорӣ.
Мо устодони донишгоҳ доимо кўшиш менамоем, ки ҷавонони мо фирефтаи ташкилотҳои экстремистиву терроризмӣ нашуда, дар пешрафти ҷомеа, ояндаи дурахшон саҳмгузор бошанд.
Азимова Н. – н.и.п., дотсент,
мудири кафедраи ФРТМ, ДДҲБСТ