Хиёнат гуноҳи азим аст
Дар гузориши онлайнии худ роҳбари кунунии Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ қайд кардааст, ки вақте ӯ дар сафари хориҷа буд, нисбати ӯ Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё парвандаи ҷиноӣ боз намуданд ва бинобар ин ба ҷумҳурӣ дигар бора барнагашт. Бо чунин изҳороти худ ӯ аз қарори мақомоти прократураи ҷумҳурӣ норозигӣ баён намуд.
Маълум аст, ки сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе дастаи муташаккили ҳизби наҳзат бо роҳбари генерал Абдуҳалим Назарзода кӯшиши ташкили табаддулот намуд. Ин амалиёт пешакӣ бо маслаҳати Кабирӣ тарҳрезӣ гардида буд.
Муҳиддини Кабирӣ ҳамроҳи наздиконаш нақшаи табаддулотро таҳия намуда,қабл аз он ба хориҷа бо баҳонаи иштирок дар як конфронс рафт. Ҳизб бо ҳамроҳии роҳбараш Конститутсияи ҷумҳурӣ ва оинномаи ҳизби худро бошуурона поймол карданд, ки ин ҷиноят мебошад. Дар давлати ҳуқуқбунёд рукни асосӣ ин волоияти қонун аст. Тоҷикистон дар асоси Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Ба гуфти Кабирӣ гӯё, Ғ. Мирзоев, М. Искандаров, М.Ҳайит ва дигарон бегуноҳ ба ҷазо гирифтор гардидаанд. Ин албатта ба ҳақиқат рост намеояд. Ба ҳама маълум аст, ки онҳо аз мансаб истифода карда, даст ба ҷинояти иқтисодию сиёсӣ заданд. Бинобар ин гӯё М. Кабирӣ намехоҳад ба Тоҷикистон баргардад аз тарси он ки ӯро низ дастгир карда ба ҷазо гирифтор менамоянд.
Раиси ТЭТ ҲНИ худро чун мусичаи бегуноҳ тасвир карда ба ҳодисаҳои сентябри соли 2015 алоқа надошт. Бо чунин рафтор ӯ оммафиребӣ карда мехоҳад ҷомеаро гумроҳ намояд.
Бинобар ин Кабирӣ ташкилоти Паймони миллиро ташкил намуда, аз вазифаи раиси ҳизб даст кашида бо ҳамин худро аз гуноҳ озод карданист.
Ин нохалаф аз фаъолияти гузаштаи худ чун ёрдамчии Раиси Комиссияи оштии миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ёдоварӣ карда, худро таърифу тавсиф намуд. Кабирӣ хизматҳои худро чунон бузург тасвир кардааст, ки гӯё ӯ сулҳ карда бошад. Бо ҳамин даъво дорад, ки барои хизматҳояш, гуноҳаш бахшида шавад.
Аммо афсус, ки гуноҳ аз хизмат зиёд аст ва он бахшида шаванда нест. Зеро табаддулоте, ки онҳо моҳи сентябри соли 2015 ташкил карданд гуноҳи азиму авфнопазир аст, ки бояд барои он дар назди қонун ҷавоб гуфт.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ