Таҳлили Кабирӣ хом аст!

Мулоҳиза оиди мусоҳибаи сомонаи Паём. нет бо раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Кабирӣ дар бораи таҳаввулоти ахир дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон.

Мусоҳибаи мазкур нишон медиҳад, ки ин шахс хоҳиши рушди иқтисодии Тоҷикистонро надорад. Кабирӣ дар мулоҳизаи ҳар як масъала Хукумати Тоҷикистонро айбдор мекунад. Масалан, Кабирӣ мегӯяд, ки масъалаи интиқоли пул ба даромади аҳолӣ бевосита таъсир нарасонид. Бо ҳамин сабаб эътирози халқ номаълум буд. Лекин, Кабирӣ намегӯяд, ки Ҳукумати Тоҷикистн ин масъаларо зуд баррасӣ кард, маблағҳо бемонеъгӣ интиқол шуда истодаанд. Боз барои исботи суханҳояш Кабирӣ далелҳои хандаоварро меорад. Масалан ин шахс мегӯяд, ки  Ҳукумат тавонист бо контроли диаспораҳои тоҷикон дар хориҷ ва ворид кардани одамони нуфузии худ байни лидерони муҳоҷирин ин парокандагии муҳоҷиринро бештар кунад. Ин албатта фикри нодуруст ва беасос мебошад. Мусоҳиба нишон медитҳад, ки Кабирӣ доимо дар фикру хаёли нотинҷ кардани вазъи кишвари мо мебошад. Маслан ӯ мегӯяд, ки халқи тоҷик  фурсатҳоро аз даст медиҳад. Ва дар вазъи аутсайдери минтақа боқӣ мемонад. Аммо ягон далели омориро асос намекунад. Кабирӣ дар ибораи «бедор шудан» албатта ҷангу ҷидолро дар байни тоҷикон мебинад. Яъне мақсад, бо кадом роҳе набошад манфиати сиёсиро ба даст овардан мебошад.

Чих хеле, ки аз сӯҳбат маълум шуд дар се соли охир шумори бисёр ками мардум ба мухолифат пайвастаанд. Сабабро низ дар ин ҷо Кабирӣ дар хаста шудани баъзе шахсони алоҳида  аз сиёсат мебинад. Ҳоло он, ки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолияти Паймони миллиро дасгирӣ намекунанд ва мавҷуд будани ин ташкилотро намехоҳанд.

Кабирӣ иброз дорад, ки дар Тоҷикистон давлат фазоро тавре сохтааст, ки мухолиф будан, яьне душман, хоин ва террорист будан аст. Ин суханҳо боз як бор нишон медиҳад, ки Кабирӣ ва пайравон ӯ аз ҳолати воқеии Тоҷикистон хабар надорад. Ҳоло он, ки халқи тоҷикон сиёсати ҳукуматро пурра дастгирӣ мекунанд.

      Раҳимов А.М.д.и.и., профессор, мудири

кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

You might also like