Изҳороти кафедраи таърихи халқи тоҷик нисбати майдонбозиҳои Раҳматилло Зойиров
Мазмун ва муҳтавои «Изҳороти сиёсии Раёсати Шурои сиёсии Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон» худ бохти ин ҳизбро дар интихоботи порлумони кишвар тасдиқ менамояд.
Пас аз доир шудани интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изҳороти сиёсии Раёсати Шурои сиёсии Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки дар он ин интихобот на ҳуқуқӣ, балки тақаллубӣ ва сиёсӣ хонда шудааст. Аммо аз шева ва лаҳни навишти он чунин бар меояд, ки матни он хеле пештар аз интихобот навишта шуда бошад. Раиси ин ҳизб Раҳматилло Зойиров аз ҳамҳизбону ҷонибдоронаш хостааст, ки аз ҳама гуна шаклҳои эътирози мардумӣ, ба хусус аз гирдиҳамоиҳои бидуни мувофиқа худдорӣ намоянд.
Дар ин замина бояд бигўям, ки ин хост ва ё даъвати Зоиров Р. Аз ҳамҳизбону ҷонибдоронаш барои ман хеле хандаовар буд, зеро аз рўи пурсишҳои мо на танҳо донишҷўён балки устодони донишгоҳ аз мавҷудияти чунин ҳизб хабар надоранд. Пас саволе матраҳ мешавад, ки ҳамҳизбону ҷонибдорони шумо дар куҷо фаъолият мекунанд? Боз Шумо мардуму мақомотро бо гирдиҳамоӣ тарсонданиед. Ҳайфи Шумову ҳамон майдонбозиҳо.
Аҳли устодони кафедраи
таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ