Як даста гумроҳони лагандбардор

Худ ки модар ҳастам, тамоми рӯз симои ашки хуншор рехтани  модарони ҷигарсузи он ҷавонмардони қаҳрамони миллат, ки ҷони худро дар вақти ҳимояи марз қурбони осоиштагии Ватани азиз кардаанд тасаввур мекардам. Инчунин нафрат ба он занҳое мекардам, ки миёни он хонумонсузон ба хунрези даст зада,  шарафи зан-модарро паст заданд.

Ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳ аз дасти он қотилони наҳзатӣ фавтиданд, ҳазорон шаҳрвандон аз Ватани азизи худ фирор карданд. Маҳз   ҳамин  ҷалодони хунхор зери ниқоби ислом амалҳои нопадиди худро ба анҷом мерасонанд. Бо  ҳамин ақидаҳои хунини худ он субҳи бо сафо як даста гумроҳони лагандбардори  хунхор  хостанд  оромии Ватани азизамонро вайрон намоянд. Шукрона тири хунини онҳо хок  хурд.

Имруз бояд ҳар яки мо ба қадри ин тинҷию осудагӣ бирасем чуноне, ки дар ҳар баромади худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд мекунанд, ки бояд дар ҷомеа ҳисси якдиливу меҳанпарастӣ, ватандўстиву хештаншиносӣ ҳувайдо бошад.

Ҳамаи мо шаҳрвандони як кишвари ободу зебо бо номи Тоҷикистон дорем биёед якҷоя барои гулгулшукуфии ҳамин сарзамини биҳиштосо якҷоя фаъолият барем то дигарон ба тинҷию амонии мо дахолат накунанд, зеро ҳамаи мо тоҷик ҳастем ва бо ин мефахрем, онро пос медорем ва ҳисси хештаншиносиро ҳифз менамоем.

Мирзоҷонова М.К. – н.и.ф дотсент, мудири

кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

You might also like