Бори каҷ ба манзил…
Санаи 1-уми марти соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи намояндагони вакилони халқ ба маҷлисҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Аз тарафи масъулин интихобот хуб ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамаи шаҳрвандон фаъолона иштирок намуда, раъйи худро дода, беҳтаринҳоро интихоб намуданд. Хушбахтона халқи тоҷик ба Сарвари давлат ва Ҳукумати хеш боварӣ дорад ва ҳаматарафа дастгирӣ менамояд, то ки давлату ҳукумат ба ҳадафҳои созандагии худ бирасад.
Лекин душманони беруна ба монанди Муҳиддин Кабирӣ кӯшиш менамоянд, ки ягон камбудиеро ёфта фақат сиёҳкорӣ кунанд. Ба Муҳиддин Кабирӣ муроҷиатан гуфтаниам шумо, ки аз ҷониби дини Ислом сухан мекунед, агар дилу ниятатон пок мебуд худи Худованд ба шумо роҳ медоду дар Ватанатон кору фаъолият менамудед. Чи хеле, ки халқ мегӯяд бори каҷ ба манзил намерасад. Шумо дар интервюи худ ба Радиои Озодӣ баён намуда гуфтед: “Назари мо ин аст, ки ин поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ”. Ман фикр мекунам, ки якҳизбӣ ягон ҷои бадӣ надорад, яъне халқ дониста истодааст, ки кадом ҳизб дар ҷамъият пешқадам асту ба фоидаи омма ва беҳбудии Тоҷикистон кор мекунад. Шумо, ки худ зодаи даврони советӣ ҳастед ба ёд оред якҳизбии давлати Шуӯравиро, ки чи хел мардум бо дили пуру хотири ҷамъ зиндагӣ менамуданд. Ҳаминро донед, ки ба мардум танҳо сулҳу салоҳ ва зиндагии осоишта лозим аст. Ба мардуми аз ҷанги шаҳрвандӣ хонахаробу наздиконашро аз даст дода, ки ин рӯзро чунин мансабталошону курситалошон оварданд, фақат оромию сулҳу салоҳ даркор аст, то ки дар муҳити созанда зиндагӣ намоянд.
Юсупова М.И. – омӯзгори
кафедраи забони русии ДДҲБСТ