Изҳороти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ дар мавзўи «Ба назари ман ин интихобот поёни гуногунандешӣ аст»

Бадтарин кирдори шаҳрванд, ки набахшиданист хиёнат аст. Роҳбарон Ҳизби наҳзати исломӣ молу сарват ва мансабро аз миллату давлат боло дониста, даст ба хиёнат заданд. Аниқтараш сари худро назди душманони миллати тоҷик хам намуда дар хизмати онҳо гузаштанд. Бо фармоиш ва роҳнамоии душманон кишварро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашонданд, ки аз хисороту қурбониҳояш намехоҳан сухан гӯям, чун шарм мекунам, ки аз модари тоҷик чунин разил, нохалаф ва ватанфурӯш таваллуд шудааст.

ПМТ дар зери ниқоби ба рўяш кашида гўё, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ ҳимоя  ва ҳифз мекунад баромад карда дар асл ҳамчун як шоҳаи ТТЭ ҲНИ бо ташкил ёфтани худ ҳамчун паймони навӣ сулҳ ба мисли найрангҳои солҳои навадум азм дорад амалҳои тахрибкорона ва террористиву эстремистияшро зери ниқоби ин паймон амалӣ созад.

Аммо як чиз маълум аст, ки Ҳизби сотсиал-демократ аз ин баёнияҳо фосила гирифт ва суҳбате дар шаҳри Варшава шунида шуд, мухолифи омадани ҳар гуна низоми динӣ ба қудрат ҳаст.

ПМТ ақидаҳои ғаразноки худро оиди он ки дар Тоҷикистон гўё интихобот бо ғараз гузаронид шуд, лекин рўзи 1 марти соли ҷорӣ интихоботи вакилон дар Тоҷикистон шаффоф ва беғараз тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёри ҳуқуқӣ гузаронида шуд.

Аз рўи маълумоти ҷорӣ шуда, яъне изҳороти Паймони миллии Тоҷикистон, ки мардум ба Ҳизби сотсиал-демократ раъй бидиҳанд, сари ҳизби мазкурро хӯрд. Мардум аз ҳизбҳои ифротӣ безор ҳастанду ин даъвои наҳзат ба обрӯи сотсиал-демократҳо таъсири манфӣ расонид.

Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи

 гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

You might also like