Занбури дурушту…
Вақтҳои охир дар сомонаи интернетӣ созмони ифротии «Гуруҳи 24» шабакаи телевизиони худро бо номи «Садои мардум» роҳандозӣ намудаанд, ки дар он ҳамарўза нисбат ба ҷумҳурии мо ахбори ба истилоҳ интиқодӣ пахш менамоянд. Ин иқдоми курандешонаи онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон сурат мегирад, ки дар асл хусусияти хоинона ба Ватан ва арзишҳои миллӣ ва аз ҳама муҳимаш ба соҳибистиқлолии ҷумҳурии мо мебошад.
Вақте, ки бинанда ба мазмуну муҳтавои ба истилоҳ ин «телевизион» ва ё шабакаи дуруғ паҳнкунӣ ошно мегардад эҳсос менамояд, дастандаркорони ин гуруҳи экстремистию террористӣ умуман аз асли воқеоту ҳодисот ва таҳаввулоте, ки дар ҷумҳурии мо ба амал омадаанд ва ё ба амал омада истодаанд хабардор нестанд ва аз интиқоди онҳо бўи ғализи худфурўшӣ меояд. Бинобар ин ман ба онҳо чунин насиҳати Саъдиро мерасонам, ки гуфтааст:
Занбури дурушту бемурувватро гўй,
Боре чу асал намедиҳӣ неш мазан!
Ҳамидова М.М. – сармуаллимаи кафедраи
таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ