Нооромакунандагони вазъият дар минтақа

Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз сӯи бархе кишварҳои абарқудрат созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Як гурӯҳ душманони миллат, ки қобилияти бардошти шодиву сурур ва хурсандии миллатро надоранд, ҷашни фархунда ва фирӯзии миллатро мехостанд ба мотам табдил диҳанд. Анҷом ёфтани чунин амали террористӣ қабл аз таҷлили қашни Сарқонун аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе ташкилотҳои террористӣ, аз қабили ташкилоти террористии ДИИШ мухолифи тамоми намуди қашнҳое мебошанд, ки ғайри исломӣ ҳастанд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, тақрибан соати 03:23 дақиқаи 6 ноябр гурӯҳи бистнафараи мусаллаҳи ниқобдор ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и «Ишқобод», қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳамлаи террористона анҷом доданд. Ин қисми марзбонӣ дар марзи Тоқикистону Ӯзбекистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир буда, дар натиқаи амалиёти террористии афроди мусаллаҳ як марзбони тоҷик ва як корманди Вазорати корҳои дохила ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса, тибқи иттилои Маркази матбуоти неруҳои марзбонии Тоқикистон 15 нафари ҳамлавар ба қатл расид ва боқимондаи онҳо боздошт гардиданд.

Дасти терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Ташкилотҳои террористие, ки мехостанд дар Тоҷикистон террор намуда, дар байни ҷомеа тарсу ҳарос эҷод намоянд, ҳадаф ва вазифаи мушаххаси онҳо низ ҷилавгирӣ ё монеи таҷлили ҷашни Сарқонун шудан буд ва бо ин роҳ мехостанд, ки таҷлили ҷашни миллиро ба мотам табдил диҳанд.

Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.

Хушбахтона, бо далериву ҷасурӣ ва кордонии мақомоти дахлдор терористон ба анҷом додани амалиёти тахрибкоронаи худ муваффақ нашуданд ва як қисмашон ба ҳалокат расида, қисми дигарашон боздошт гардиданд. Миллати тоҷик, ки чандин аср интизори чунин рӯзи фархунда ва фараҳбахш буд, ба ҳеҷ ҳол намегузорад, ки хоинон ва душманони миллат ин шодиву фараҳи деринтизорро ба як миҷҷа задан барбод диҳанд ва бо амалиёти террористонаи худ садди роҳи тақлили қашн ва шодиву хурсандии онҳо гарданд. Ин буд, ки кормандони мақомоти қудратии давлатӣ масъулият ва вазифаи худро бо сарбаландӣ иқро намуда, садди роҳи душманони миллат ва террористон гардиданд.

Имрӯз аз хабару мақолаҳои дар сомонаҳои наҳзатӣ паҳн гардида бармеояд, ки раҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИ бо террористони ДИИШ ҳамақидаанд. Зеро дар навиштаҳояшон ҷониби Ҳукуматро туҳмат карда, ҳамдилии худро бо террористони ДИИШ баръало нишон додаанд.

Дар олам ҳарчанд вазъ ноором ба назар мерасад, муноқишаҳои мазҳабиву миллӣ рў ба афзоиш аст, ифтихори мо тољикон аз ин дастоварди бузурги таърихиамон сулҳ ва ваҳдати миллӣ афзунтар мегардад. Мо ба андешаи он бояд бошем, ки ин доди Худованди ва нигаҳдошти онро аз қарзҳои худ бидонем.

Дар ин робита, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадҳояш ин падидаи номатлубро маҳкум намуда, ҷомеаи ҷаҳониро барои мубориза бар зидди терроризму экстремизм даъват менамояд. Қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон буда, ҷавонони моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои рафъи он дар ҷомеа кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Раҳимова М.А. – сармуаллими кафедраи фанҳои

риёзӣ – табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like